Русская Планета: Раҳмон бояд ба Путин эътимод бандад

Пойгоҳи хабарии “Русская планета” ба масъалаи шиддат гирифтани вазъ дар шимоли Афғонистон пардохта, бозгашти мазбонони рус ба Тоҷикистон дар миён гузоштааст. Дар ин матлаб, ки “Раҳмон бояд ба Путин эътимод кунад” унвон дорад, иддао шудааст, бидуни дахолати Русия алайҳи ифротгароӣ, неруҳои хориҷӣ ҳар замон метавонанд кишварро ноором кунанд.
Игор Марозов, узви Кумитаи равобити байналмилалии Шӯрои федеролии Русия, дар пасманзари нооромиҳои ахири шаҳри Кундузи Афғонистон ба муаллифи матлаб гуфтааст, “Русия наметавонад ба шимоли Афғонистонро бетаваҷҷуҳ монад”. Ба қавли Морозов: “Кишварҳое дар наздикии ин давлати ноором қарор доранд, ки аз ҷануб бо Русия наздик ҳастанд. Ба монанди Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Қирғизистон”.
Ин мақоми рус гуфта, “ҳоло замони интиқоли фаъолиятҳои террористӣ аз Ховари Миёна ба Афғонистон дар ҷараён аст”. Навиштаи мазкур дидори ахири Путин ва Раҳмонро “нишонаи равандҳои номусоид дар Тоҷикистон” унвон кардааст, ки ба гуфтаи муаллиф, “саранҷом метавонад мунҷар ба аз байн рафтани истиқлоли ин кишвар ва натиҷаҳои ҷуброннопазир шавад”. Дар матлаб омадааст: “Зоҳиран, Душанбе ба Маскав пайёми нодорӣ мезанад ва умед барои кумак дорад. Ҳоло рӯшан нест, ки Раҳмон мушаххасан чиро дар назар дорад. Эҳтимолан, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба афзоиш додани теъдоди неруҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ишора кардааст ё омодагӣ барои розӣ шудани марзбонони моро дар назар доштааст”.
Матлаби “Русская планета” камбағалӣ, артиши заъиф ва ҳукумати фасодзадар аз ҷумлаи мушкилиҳои мубрами Тоҷикистон шумурда, навиштааст, “раҳбарияти кишвар дар он вазъияте нест, ки бо инҳо дасту панҷа нарм кунад”. Муаллиф инчунин гуфтааст, “бе дахолати Русия алайҳи ифротгароӣ қувваҳои хориҷӣ ҳар замон метавонанд кишварро ноором кунанд”.
Дар ин матлаб аз қавли раҳбари идораи барномарезии стратегии Анҷумани ҳамкориҳои наздимарзӣ -- Алксандр Собянин омадааст: “Тоҷикистон осебпазиртарин шарики Русия дар паҳнои пасошӯравӣ мебошад. Манзур ин нест, ки Тоҷикистон ҳаммарз бо Афғонистон аст, балки ин кишвар ҷанги шаҳрвандии ваҳшатнокро паси сар кардааст. Дар пайи ин ҷанги хунин Тоҷикистон ҳоло ҳам беҳбуд наёфтааст”.
Бо ишора ба фазои феълии Тоҷикистон Алксандр Собянин гуфтааст, “Тоҷикистон худаш барои худ мушкил эҷод мекунад. Душанбе худро ба кунҷ меронад. Барои мисол, манъ кардани фаъолияти ҲНИТ иштибоҳи бузург шуд. Эмомалӣ Раҳмон бояд ба русҳо эътимод дошта бошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |