3 сол ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон барои қаллобӣ бо телефон
Додгоҳи шаҳри Сургути Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми қаллобӣ тариқи телефони мобилӣ барои 3 сол равонаи зиндон кардааст.
Тибқи иттилои додситонии Русия дар қарори додгоҳ, ки аллакай ҳукми қонунӣ гирифт, омадааст, “шаҳрванди Тоҷикистон аз моҳи июн то сентябри соли 2014 ба телефони сокинони Сургут паём фиристода, дархости занг задан кардааст. Ҳамин тавр, ба боварии ҷабрдидаҳо даромада, баъди гирифтани иттилои зарурӣ пулҳои сокинони Сургутро аз корти бонкиашон мегирифтааст”.
Ба иттилои манбаъ, муҷрим ин шеваро нисбати 7 сокини Сургут кор бурда 170 ҳазор рубли онҳоро рабудааст. 3 нафари дигар қасди қаллобии маҳкумшударо дарк карда, аз интиқоли маблағ худдорӣ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |