Парлумон маҷбурсозии маҳбусони беморро иҷоза дод

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 9 октябр маҷбурсозии маҳбусони мубталои силро барои истеъмоли дору ва ғизо иҷоза дод.
Холмуҳаммадзода Азизмуҳамад, вакили парлумон зимни муаррифии тағйирот дар “Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноӣ” изҳор дошт, нисбати маҳкумшудаҳои мубталои бемории сил, ки аз истеъмоли ғизою дору саркашӣ мекунанд, чораҳои маҷбурӣ истифода шаванд: “Маҷбуран ба онҳо ғизою дору дода шавад”.
Холмуҳаммадзода ҳадафи ин навовариро беҳбуди вазъи маҳбусони бемор арзёбӣ кард.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон изҳор дошт, ки маҳкумшудаҳо низ инсон ҳастанд ва дар сурати гирифторӣ ба бемории сил бояд дар ҷойи алоҳида бо ғизою дору таъмин карда шаванд. Зуҳуров таъкид намуд, ки доруҳои лозимӣ барои беморон ройгонанд ва муассисаҳои ислоҳӣ бояд онҳоро барои маҳбусон таъмин кунанд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нимсолаи аввали соли равон дар зиндонҳои кишвар 44 бемори сил ба қайд гирифта шудаанд. Ин нишондод соли гузашта ба 84 нафар баробар будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |