Сармураббӣ: Бозии Қирғизистону Тоҷикистон ба боғчаи кудакон монанд буд
Александр Крестинин, сармураббии тими миллии Қирғизистон дидори футболбозони қирғиз бо яккачини Тоҷикистонро ба “боғчаи кудакон” монанд кардааст.
Ӯ дар нишасти хабарие баъди аз анҷоми қувваозмоӣ, ки мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт, гуфта, ин дидор ба “боғчаи кудакон” шабоҳат дошт, на футболи калонсолон. Аммо таъкид кардааст, ки “ҳанӯз шонс дорем. Барои ман ҷолиб аст, ки чарои тими ман он бозиеро, ки ваъда карда буд, анҷом надод. Ба дарвозаи мо голи хандаовар ворид карданд. Мо аз сифат ва натиҷаи бозӣ ноумед ҳастем”.
Ҷаноби Крестинин ба хусус аз бозии Эдгард Бернхардт, нимҳимоятгари тими миллии Қирғизистон шикоят карда гуфтааст, айбҳои зиёде дошт.
Қувваозмоии мунтахабҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар варзишгоҳи ба номи Долон Умурзоқови шаҳри Бишкек шоми рӯзи гузашта (8 октябр) баргузор шуд. Ин дидор дар чорчуби бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол-2018 (Осиё) сурат гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |