(АКСУ ВИДЕО) Вазорат: Корҳои сохтмонии нақби “Истиқлол” то як моҳи дигар идома мекунад
НИЛУФАРИ КАРИМСохтмончиён мегӯянд, ҳарчанд ҳаракати нақлиёт тавассути нақби “Истиқлол” дар охири сентябри соли равон иҷозат дода шуд, аммо корҳои сохтмонӣ ҳанӯз идома доранд.
Аҳмад Меҳдипур, роҳбари сохтмончиёни нақби “Истиқлол” дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, бетонрезии қабати болоии роҳи нақбро пурра анҷом дода, ҳоло дарзҳои болои нақбро, ки аз онҳо об мешорад, мебанданд: “Барои бастани роҳи об ва аз Эрон сементи махсуси оббанд оварда шудааст. То як моҳи дигар корҳои асосии нақб ба итмом мерасад”.
Оқои Меҳдипур мегӯяд, ҳамзамон таъмири ҷӯйҳои обгузар низ идома дошта, корҳои равшаноӣ ва низоми ҳавотозакунии нақб ҷараён доранд. Шуҳрат Рафиев, сохтмончии нақби “Истиқлол” дар суҳбат ба “Озодагон” иброз дошт, ба тамиз кардани ҷӯйҳои обгузар машғуланд. “Кори мо ҷидди мавриди санҷиш қарор мегирад. Агар намояндаҳои Вазорати нақлиёт бинанд, ки кори анҷомдодаи мо ба талабот ҷавобгӯ нест, онро қабул намекунанд”,-афзуд ӯ.
Укуматшоҳ Ақсақолов, сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, тибқи лоиҳа корҳои сохмонии нақби “Истиқлол” қарор аст моҳи ноябри соли равон ба итмом бирасад: “Хазинаи корҳои боқимондаи сохтмони нақби автомобилгарди “Истиқлол” 11,9 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 5,95 милиони он кумаки бебозгашти Ҳукумати Эрон-ИМА ва 5,95 миллиони дигараш саҳми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад”.
Ба қавли ҷаноби Ақсақолов, ҳоло дар нақби мазкур 95 тан кор мекунанд, ки 65 нафарашон шаҳрвандони маҳаллӣ ва 30 каси дигар хориҷиёнанд: “Ҳоло сохтмончиён ба тоза кардан ва аз нав бетон рехтани ҷӯйбори заҳкаш дар нақби ҳаводиҳӣ, паст ва тоза кардани дастакҳо, хаффорӣ, тоза кардани нақби мошингузар ва ивази қубурҳои дренажӣ машғуланд”.
Бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кумаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳум тасвиб карданд. Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад. Бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убури он ба мушкилиҳо дучор мешуданд. 23 июни соли равон рафтуо тавассути ин нақб дубора маҳдуд шуда, дар асоси созишномаи дуҷониба миёни ҳукумати Тоҷикистону Эрон 7 июли соли 2015 корҳои бозсозию бастани маҷроҳои об дар мавзеъҳои алоҳида, бетонрезии қабати болоии роҳ, равшаннамоӣ ва ҳавотозакунӣ ба анҷом расид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |