Бедаракшавии хонандаи синфи 10 баъди роҳ наёфтанаш ба мактаб
Фариддун Абдуллоев, хонандаи синфи 10-и яке аз мактабҳои миёнаи ноҳияи Рӯдакӣ баъд аз зуҳри 7 октябр аз хона баромада, бедарак шудааст.
Саъдуло Абдуллоев, падари ин донишомӯз имрӯз, 8 октябр ба “Озодагон” гуфт, ҷустуҷӯи писараш ҳанӯз натиҷае надода ва тасмим дорад, дар наздиктарин фурсат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд.
Фариддун Абдуллоев, сокини ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, ба қавли падараш, баъди он ки ӯро дар мактаби №73-и ноҳия қабул накардаанд, ба ғазаб омада, аз хона берун шудааст. Ба қавли Саъдулло Абдуллоев, гӯиё фарзандашро барои аз санҷиш баҳои 3 гирифтан ба мактаб роҳ надодаанд: “Писарам гуфт, баъзе аз ҳамсолонамро, ки аз диктант баҳои 2 ё 3 гирифтанд, чизе нагуфтанд, аммо чаро барои ман мумкин набудааст?”
Аммо Шариф Буриев, директори мактаби № 73-и ноҳияи Рӯдакӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Фариддун Абдуллоев бо далели пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои лозима барои идомаи таҳсил, аз мактаб хориҷ кардаанд. Ӯ иброз дошт, баъди хатми синфи 9 Абдуллоев бояд барои идомаи таҳсил аризаи падару модарашро ба онҳо пешниҳолд мекард: “Таҳсил то синфи 9 ҳатмӣ аст, баъди синфи 9 бояд аризаи падару модар пешниҳод шавад ва хонанда имтиҳон месупорад. Дар мавриди имтиҳон супоридан ё насупоридани Фариддун Абдуллоев ҳоло чизе гуфта наметавонам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |