Бахшҳо

Падари Бузургмеҳр Ёров: "Воқеаҳои нангини соли 1937 такрор нашавад"

Равшани Ёрмуҳаммад, нависандаи шинохтаи Тоҷикистон ва падари Бузургмеҳр Ёров, вакили боздоштшудаи тоҷик аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар хоҳиш кардааст, кофтукоби бӯстонсарояш аз сӯи кормандони пулисро баррасӣ намояд.

Оқои Ёрмуҳаммад дар аризае унвонии раисиҷумҳур навишта, рӯзи дуюми октябр ҳафт корманди Вазорати корҳои дохилӣ ба бӯстонсарои ӯ омадаву бидуни пешниҳоди ҳуҷҷати лозим онро кофтукоб ва “паспорти техникӣ”-ро бо худ бурдаанд. Вай навиштааст, кормандони пулис гуфтаанд, парвандаи ҷиноятии фарзандаш – Бузургмеҳрро баррасӣ мекунанд: “Онҳо ҳамаи ҳуҷраҳои бустонсароро кофтанд. Ягон асноди марбут ба Ёров Бузургмеҳрро наёфтанд. Дар охир ҳуҷҷати бустонсаро (паспорти техникӣ)-ро бо худ бурданд”.

Дар аризаи ин нависандаи тоҷик, ки нусхаи он ба Додситонии кулл ҳам фиристода шудааст, омадааст, бустонсароро ӯ соли 1987 харида буд. Равшани Ёрмуҳаммад ба бустонсарояш бе иҷозати мақомоти болоӣ даромада ва ҳуҷҷати онро бо худ бурдани кормандони ВКД-ро ҳуқуқвайронкунӣ ва ба худаш таҳқир шумурда афзудааст: “Аз Шумо хоҳишмандам, ки ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ намоед. Боз ба ҷои тоқӣ сарро набаранд. Воқеаҳои нангини соли 1937 такрор нашаванд”.
Мӯҳр
Тупоголовый
Хамин солхои 1937 чи шуда бошад илтимос кадоме медонад нависад..

Инсон
Пеши чунин падар барои тарбияи чунин фарзанд сари таъзим фурӯ меорам. Аҳсан барои чунин фарзанд. Марду мардӣ чунин мешавад.

Мусофир
Барои ба чои токи сарро набаранд,саводу донишу малака лозим аст.

Beaql
Тупоголовый,
Он солҳо се нафар ҷамъ шуда, ҳар касе, ки ба табъи дилашон набуд, фармон бароварда, шаб бурда, дар ягон чуқурӣ мепаронданд. На тафтишот буд, на суду на прокурор.
Умуман, террори халқ аз тарафи ҳукумат буд. Сталинская тройка мегӯянд.

точик
Тупой, солхои 1937 млнхо нафар мардуми Шуравиро бо тухмату хатхои "беном" яъне "анонимка" мебурданду 3 нафар суд намуда ба солхои тулони хамчун душмани халку давлат эълон карда тамоми молу колашонро мусодира карда ба хабс равон мекарданд, ё хукми катл дода мепаронданд. Бе ягон суду тафтишот. Чунин ходисаи нанги дар Точикистон низ шуда буд ва чандин фарзандони миллатро нохалафон ба хабс равон карда буданду катл! Лекин баъди марги Сталин хамаи онхо сафед карда шуда буданд ва он нафарорне, ки ба чунин кори нангин даст зада буданд назди конун чавоб дода буданд. Хатто такдири чандин чунин 3 нафарахоро ман хондаам, ки ба балохои бадтарин гирифтор шуда окибат ранги саг ба хорриву азобу шиканча ин хаётро тарк кардаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)