Душанбе: Овардани чархболҳо маънои ба Русия додани фурудгоҳи “Айнӣ”-ро надорад
Мақомоти Тоҷикистон дар пасманзари хабари интиқоли чархболҳои Русия ба фурудгоҳи низомии “Айнӣ” изҳор медоранд, ин иқдом маънои ба Русия додани фурудгоҳро надорад.
Тибқи иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон, фурудгоҳи “Айнӣ” дар тавозуни ин ниҳод қарор дорад ва то ҳол ба ягон кишвари хориҷӣ дода нашудааст: “Танҳо дар доираи созишҳо иҷоза дода мешавад, ки техникаи ҳавоии Русия ва дигар кишварҳо аз фурудгоҳ истифода баранд. Аммо комилан дар ихтиёри хориҷиҳо гузоштани фурудгоҳи “Айнӣ” матраҳ нест”.
Вазорати дифои Русия 7 октябр эълон кардааст, ки чархболҳои зарбазани Ми-24П ва ҷангӣ-нақлиётии Ми-8МТВ –ро дар фурудгоҳи Айнии назди Душанбе ҷойгир хоҳад кард.
Ин иқдоми Русия дар ҳолест, ки шоми 6 октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия тақвияти ҳамкориҳои низомӣ ва ҳифзи сарҳадот бо Афғонистонро баррасӣ карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |