Барканории Зокиров ва вазифаи нави Азим Иброҳим
Маҳмадтоир Зокиров, вазири кишоварзии Тоҷикистон, ки моҳи июни соли равон раҳбари ҳайати ҳукуматӣ барои гуфтушунид бо Қирғизистон дар мавриди марз таъин шуда буд, аз ин мақом барканор гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарор роҳбарии ҳайати ҳукуматӣ дар гуфтушунидҳо бо Қирғизистонро ба уҳдаи ноиби сарвазир -- Азим Иброҳим вогузор кардааст. Раисиҷумҳур ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дастур додааст, ки аз тағйироти зикршуда ҷониби Қирғизистонро огоҳ кунад.
Ба ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон дар баробари ноиби сарвазир инчунин вазири кишоварзӣ, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва намояндаҳо аз Вазорати адлия, Вазорати хориҷӣ, дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур, қушунҳои сарҳадӣ, ҳукумати Суғд ва дигар мақомоти дахлдор ворид шудаанд.
Ин таъинот дар ҳолест, ки қаблан Темур Сариев, сарвазири ҳукумати Қирғизистон хост, мушаххассозӣ ва аломатгузории сарҳад бо Тоҷикистон вусъат дода шавад.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд ва аз ин нишондод танҳо 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |