Талаби 18 соли зиндон барои модаре, ки 3 кӯдакашро ғарқ кард
Айбдоркунандаи давлатӣ барои Парвина Абдуллоева, як зани тоҷик, ки дар куштори се фарзанди ноболиғаш муттаҳам мешавад, аз додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе 18 соли зиндон талаб кардааст.
Дар ин бора Матлуба Бобоҷонова, вакили дифои Абдуллоева имрӯз, 8 октябр ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, қарор аст, пагоҳ додрас ҳукмро эълон кунад.
Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвон шаби 4 июл худро бо се фарзанди ноболиғаш дар маҳаллаи Ҳаёти нав, дар наздикии Кӯли Ҷавонон ба канали Ҳисор партофт. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба “Озодагон” он вақт гуфта буд, қазия тақрибан соати 21:18 дақиқа рух додааст: “Сокинони маҳаллаи “Ҳаёти нав” Парвинаро наҷот додаанд, аммо се фарзанди ноболиғаш-Зиёвиддин Бобоев, соли таваллудаш 2008, Маҳина Бобоева, соли таваллудаш 2009 ва Омина Бобоева, соли таваллудаш 2010 ба ҳалокат расидаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |