Шоҳидии раиси демократҳои Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумон дар пасманзари нооромиҳои моҳи сентябр ва террористию экстремистӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ изҳор доштааст, дар арафаи интихоботи парлумонии соли равон шоҳиди рафтори ношоиста ва шубҳаовари ҲНИТ шудааст.
Дар изҳороти Шӯрои сиёсии Ҳизби демократии Тоҷикистон, ки зери имзои Саидҷаъфар Исмонов нашр шудааст, таъкид гардида, “моҳи феврали соли 2015, ки раиси ҲДТ дар ҳавзаи интихоботии Фархор-34 ба сифати номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар сабқат буд, ҲНИТ ба маҷлисҳои маҳаллӣ як нафар узви гурӯҳи салафияро пешбарӣ карда буд, ки фаъолияти ин гурӯҳи мазҳабӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст. То ҳанӯз барои мо равшан нест, ки ҲНИТ бо ин гурӯҳи тундрав чӣ иртибот дорад, вале пешбарии нафаре аз ин гурӯҳ аз тарафи ҲНИТ эътимоди моро ба ин ҳизб ҳамчун ҳизби сиёсии фаъол дар мамлакат шикаст”.
ҲДТ таъкид кардааст, ки дар бораи то кадом андоза даст доштани роҳбарон ва аъзои ин ҲНИТ дар воқеаҳои аввали сентябр маълумоти пурра дар даст надорад, аммо аз ҳар иқдоме, ки ба сулҳу оромӣ ва пешрафти ҷомеа нигаронида шудааст, пуштибонӣ мекунем: “Акнун, ки гурӯҳи ҷангҷӯи генерали собиқ Абдуҳалим Назарзода саркӯб ва нобуд карда шуд ва ҳукумат даст доштани ҲНИТ-ро дар ин ошӯбҳо ошкор кардааст, дигар бовар ба фаъолияти солими ҲНИТ комилан аз байн рафтааст. ҲДТ бо таваҷҷуҳ ба ҳодисаҳои ахир дар кишварҳои исломӣ, ки аз ихтилофандозии неруҳои ба ном исломӣ, иқдоми ахири мақомоти интизомӣ ва ҳукумати кишварро чораҳои пешгирии чунин ҳодисаҳо медонад”.
Изҳороти раҳбарияти ҲДТ дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон 29 сентябр бо дархости Додситонии кулл, Ҳизби наҳзати исломиро экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон намуд. Бо қарори додгоҳ фаъолияти нашрияи “Наҷот” ва сомонаи ҲНИТ низ мамнуъ гардида, паҳн кардани ҳар гуна маводи аудиовизуалӣ ва адабиёти ин ҳизб манъ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |