Бахшҳо

Индонезия – Тайга... Путин 15 соли ахир зодрӯзашро дар куҷо таҷлил кард?

Пойгоҳи хабари “Молодая гвардия” дар остонаи 63-солагии Владимир Путин, раиси ҷумуҳури Русия, чӣ гуна ва дар куҷо таҷлил шудани 15 зодрӯзи ӯро гирдоварӣ кардааст.


Соли 2000-Павловск

Путин 48-солагии худро дар Павловск, шаҳре дар канори Санкт-Петербург ҷашн гирифтааст. Ӯро дар ин рӯз чеҳраҳои маъруф ба мисли мурабиҳои дзюдо, раисони донишгоҳҳо ва дигар дӯстонаш табрик гуфтаанд. Владимир Путин дар ин рӯз бо Ҷеймсон Вулфенсон, раҳбари Бонки ҷаҳонӣ дидор дошт. Баъд аз ин, раиси ҷумҳури Русия ба тамошои операи Чайковский -- “Мазепа” дар театри Маринский рафтааст.

Соли 2001-Ново-Огарево

49-умин солгарди мавлудашро Владимир Путин дар ҳалқаи хонавода дар бӯстонсарои Ново-Огарево гузаронидааст.

Соли 2002-Кишинёв

Раиси ҷумҳури Русия 50 солагиашро дар нишасти Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Кишинёв (Молдова) гузаронидааст. Баъди дидорҳои расмӣ ширкаткунандаҳои нишастро барои хуроки нисфирӯзӣ ба сафорати Русия даъват карданд. Шоми он рӯз Путин дар шаҳри Маскав бо аъзои ҳукумат, Маҷлиси федеролӣ, Додгоҳи олӣ ва намояндагони мақомоти қудратӣ дар мизи хуроки шом нишастааст.

Соли 2003-Санк Петербург

51-солагии Путин дар рӯи киштии “Ню Айленд” дар зодгоҳаш -- Санкт Петербург гузаштааст. Ба ин зиёфат раҳбарони сиёсии вилоят, ходимони фарҳангӣ ва ҳунарпешагону варзишкорон даъват шудаанд.

Соли 2004-Стрелная

Ин бор Владимир Путин зодрӯзашро дар вилояти Ленинград гузаронидааст. Барои меҳмонон дастархони идона ороста шуда, пасон оташак (фейверк) сар дода шуд.

Соли 2005-Санкт Петербург

Ин рӯзи Владимир Путин дар нишасти “Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ” гузашт. Барои ширкаткунандаҳо аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар қасри Константиновский субҳонаи идона ташкил шуд. Ба ғайр аз ин, дар ҷашни 53-солагиаш бо Герхард Шредер, садри аъзами вақти Олмон гуфтушунид доштааст.

Соли 2006-Санкт Петербург

Ин сол ҳам зодрӯзи Владимир Путин дар пойтахти шимолии Русия гузаштааст.

Соли 2007-Маскав

55-умин солгарди Путин дар қасри Кремл бо ҳузури аъзои Шӯрои амният, раҳбарони низомии кишвар, афсарон ва аъзои оилаҳои аскарон гузаронидааст.

Соли 2008-Санкт-Петербург

Дар ин сол раиси ҷумҳур Путин зодрӯзи худро дар сафари хидматӣ гузаронидааст. Ӯ ба муарифии филми “Дзюдоро бо Владимир Путин меомӯзем” ба қасри Константиновский ва 77-умин солгарди Ассамблеяи генералии Интерпол рафтааст. Дар ин рӯз ба Путин паланг туҳфа кардаанд, ки 10 октябр онро ба боғи “Геленҷӣ” супурдааст.

Соли 2012-Санкт Петербург

Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин, ӯ 60-солагиашро ҳамроҳ бо оила ва наздиконаш ҷашн гирифтааст.

Соли 2013-Индонезия

Дар ин сол Владимир Путин зодрӯзи худро дар нишасти “Ҳамкориҳои иқтисодии Уқёнуси Ором” дар ҷазираи Балӣ гузаронидааст. Сусило Бамбанг Юдойно, раисиҷумҳури Индонезия барои Путин шеъри “Happy Birthday to You” хондааст.

Соли 2014-ҷангалҳои Сибир

Аввалин бор раиси ҷумҳури Русия дар зодрӯзаш ба кор нарафтааст. Он вақт, 6 октябр, Дмитрий Песков гуфта буд: “Имрӯз раҳбари давлат ба ҷангалҳои Сибир парвоз мекунад, ҷойе ки зодрӯзашро мегузаронад”. Баъдан, 9 октябр Владимир Путин худаш дар ҷаласаи Шӯрои варзиш дар бораи зодрӯзаш суҳбат кард. Ӯ гуфта буд: “Ман ду рӯз қабл тақрибан 9 километр роҳ пиёда рафтам. То ҳанӯз ҳамаи баданам дард мекунад”.
Мӯҳр
тоҷик
Пойгоҳи хабари “Озодагон” дар остонаи 63-солагии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумуҳури Тоҷикистон, чӣ гуна ва дар куҷо таҷлил шудани 15 зодрӯзи ӯро гирдоварӣ кардааст.

Мақолаи ҷолиб ...

Гулчеҳра
Россия - калонтарин давлат аз рӯи масоҳат
Путин метавонад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)