Раиси собиқи “Фононбонк” дар ҳамдастӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам мешавад
Самихон Қурбонов, собиқ раиси “Фононбонк” ҳафтаи гузашта бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо гуруҳи генерал Абдуҳалим Назарзода-Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шудааст.
Самихон Қурбонов, амаки Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ мебошад, ки 16 сентябр боздошт гардида буд. Мақомот Ҳусайниро ҳам дар баробари дигар роҳбарони ҲНИТ дар шарикӣ бо генерал Назарзода муттаҳам карданд.
Боздошти раиси “Фононбонк” дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо ишора ба мушкили молӣ изҳор доштааст, муваққатан аз 2 октябр дар ин бонк маъмурияти навро таъин кардааст: “Мутобиқи қарори қабулшуда ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи идораҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст”.
Масъулин мегӯянд, ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСП “Фононбонк” чораҳои зарурӣ андешад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |