Дидори писари Раббонӣ аз вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон дар пайи суқути Кундуз
Салоҳиддин Рабонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон неруҳои ҷиҳодии Бадахшон ва Тахорро басиҷ кардааст.
Бо шиддат гирифтани ҷанг дар шимоли Афғонистон ва суқути Кундуз ба дасти Толибон Салоиҳиддин Рабонӣ, фарзанди шаҳид Бурҳониддин Рабонӣ, ба вилоятҳои Бадахшон ва Тахор сафар кардааст. Рабонӣ дар Бадахшон Шӯрои дифои мардумиро ташкил дода, субҳи имрӯз вориди Толиқон, маркази вилояти Тахор шудааст. Ӯ дар Тахор бо фармондеҳони ҷиҳодӣ дидор карда ва интизор меравад, дар ин вилоят ҳам мардумро барои муқобила бо Толибон басиҷ кунад.
Вилоятҳои Бадахшон ва Тахор, ки дар шимоли Афғонистон қарор доранд, пас аз суқути Кундуз бисёр осебпазир мебошанд ва ин амр нигаронии мардумро дар пай доштааст. Ин ду вилоят бо Тоҷикистон марзи муштарак доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |