Раиси Маскав: Муҳоҷирони тоҷик... фоидаоваранд

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав мегӯяд, бархилофи муҳоҷироне, ки ба Аврупо сарозер шудаанд, муҳоҷирони тоҷик, узбак, қирғиз ва ғайра, ки ба Русия меоянд, фоидаоваранд.
Собянин дар мусоҳиба бо нашрияи “Аргументы и факты” гуфтааст, фоидаи муҳоҷирони корӣ барои Маскав бештар аз мушкилоташон аст. Ӯ дар робита ба мавзӯи муқоисаи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Русия ва паноҳҷӯёни Ховари Миёна дар Аврупо гуфтааст, ин ҷо тафовут зиёд аст: “Аврупо муҳоҷиронро таъмин мекунад, барои ҳеч кор накарданашон ба онҳо пул медиҳанд. Аммо барои мо пул медиҳанд, то ки омада кор кунанд. Барои бештар аз 3 моҳ зиндагӣ кардан дар Маскав бояд ҳуҷҷатҳои лозимиро дошта бошанд ва ҳар моҳ 4 ҳазор рублро ҳамчун андоз аз даромад месупоранд. Илова бар ин муҳоҷир бояд бимаи тиббиро бихарад”.
Раиси Маскав таъкид кардааст, ин ҳама маблағгириҳо аз муҳоҷирони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо дар ҳоле аст, ки давлати Русия дар назди онҳо ҳеч уҳдадории иҷтимоӣ надорад: “Барои ҳамин аз муҳоҷирон ба Маскав фоидаи бештар аст, на мушкилот”.
Тибқи иттилои расмӣ ҳамасола низдики як миллион муҳоҷири тоҷик барои дарёфти ҷои кор ба Русия меравад, ки маблағи фиристодаи онҳо таъминкунандаи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |