Президенти Туркманистон вазирони дифоъ ва амниятро иваз кард
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон дар бахши қудратӣ тағйироти кадрӣ роҳандозӣ карда, вазирони дифоъ ва амниятро иваз кард.
Дар ниҳодҳои қудратӣ омилҳои тасмими раиси ҷумҳури Туркманистон барои ҷойивазкунии кадрҳоро шарҳ намедиҳанд.
Ба ҷои генерал-майор Бегенча Гундогдиев ба вазифаи вазири дифоъи Туркманистон генерал-лейтенант Яйлим Бердиев, ки то ҳол раҳбарии вазоратхонаи амнияти миллии кишварро бар ӯҳда дошт, таъйин шудааст. Курсии холишударо генерал-лейтенант Гуйчгелди Хоҷабердиев ишғол кардааст.
Расонаҳо менависанд, ки яке аз омилҳои аслии барканории раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ аз сӯйи раиси ҷумҳури Туркманистон метавонад вазъияти ташаннуҷомез дар марзи миёни Туркманистон ва Афғонистон бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |