Ваъдаи Абдуллоҳ ба сафири тоҷик: Толибонро ба зудӣ саркӯб мекунем...
Шарофиддин Имом, сафири Тоҷикистон дар Кобул дар пасманзари нооромиҳои охир дар шимоли Афғонистон бо раис иҷроияи ин кишвар Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” ҳангоми мулоқот, ки 6 октябр дар утоқи кории Абдуллоҳ Абдуллоҳ баргузор шудааст, сафири Тоҷикистон дидгоҳҳои давлати моро дар мавриди таҳавуллоти амниятии ахир дар Кундуз ва шимоли Афғонистон дар миён гузошт. Ба иттилои манбаъ сафири Тоҷикистон аз ҷумла омодагии Душанберо барои кӯмак ба Афғонистон баён карда, таъкид намудааст, ки терроризм таҳдиди муштарак мебошад.
Дар посух раиси иҷроияи Афғонистон аз ҳамкориҳои давлати Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдидҳои муштарак изҳори ташаккур карда, ба Шарофиддин Имом итминон додааст, ки нерӯҳои амниятӣ идораи шаҳри Кундузро ба даст гирифтаанд ва Толибон ба зудӣ саркӯб мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ шоми 6 октябр дар мулоқот бо ҳамтои русиягияш Владимир Путин аз авзои шимоли Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуда буд, ки феълан дар ҳудуди 60 дарсади марзи Афғонистон бо Тоҷикистон амалиёти ҷангӣ идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |