Мактаби Мортеппа ба номи Акбари Саттор гузошта шуд
Мактаби таҳсилоти миёнаи №25-и деҳаи Мортеппаи Ҳисор ба номи Акбари Саттор, раҳбари пешини Иттифоқи журналистони Тоҷикисмтон гузошта шуд.
Маҷлиси вакилони ноҳияи Ҳисор имрӯз, 7 октябр дар ин ротиба қарореро ба тасвиб расондааст. Пешниҳоди ба номи Акбари Саттор гузоштани мактаби Мортеппа баъд аз даргузашти ӯ садо дода буд. Инчунин бархеҳо пешниҳод карданд, як кӯча дар Душанбе ҳам ба номи вай гузошта шуда, Мортеппа ба “Акбаробод” табдили ном кунад.
Акбари Саттор рӯзи 28 август дар сини 50-солагӣ даргузашт. Ӯ 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград мебошад. Фаъолияти кории худро дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон бо номи “Садои Мардум” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджес пресс” рӯйи чоп овардааст. Акбари Саттор мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Чархи гардун" буд, ки 5 нашрия тобеи он аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |