Президент ба ширкати тобеи Зуҳуров 3 сол муҳлат дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон муҳлати пардохти қарзҳои “Тоҷиктелеком”-ро дар назди буҷа барои се сол тамдид кардааст. "Тоҷиктелеком" ширкати тобеи Хадамоти алоқа мебошад, ки роҳбарии онро Бег Зуҳуров ба уҳда дорад.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” ҳаҷми қарзи “Тоҷиктелеком” аз андоз то 1 январи соли равон 12 миллиону 123 ҳазору 504 сомониро ташкил додааст: “Аммо бо қарори президент муҳлати пардохти ин қарз то 3 сол тамдид карда шуд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Кумитаи андоз дастур додааст, ки андозҳои ҷориро аз “Тоҷиктелеком” тибқи муқаррароти муайянкардаи Кодекси андоз ситонда ба буҷаи давлат ворид кунад.
Қарздории “Тоҷиктелеком” дар ҳолест, ки ин ширкат хизматрасонӣ ба аксари идораҳои давлатии Тоҷикистонро дар ихтиёри худ қарор додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |