“Lidovky”: Зиндагии муҳоҷирон дар Русия бардагиро ба ёд меорад
Нашрияи чехии “Lidovky” бо нашри матлабе навишта, муҳоҷирони кории кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон дар Русия аз ҳеч ҳаққе бархурдор нестанд ва зиндагии онҳо ғуломиро мемонад.
Матлаби “Lidovky” аз нақли [b]Рустам,[/b] як муҳоҷири тоҷик оғоз шуда, ки гуфтааст, бо чанде аз ҳамватанон ва муҳоҷирони дигар аз ҳамсоякишварҳо дар манзиле рӯз мегузаронад, ки на об дораду на шароити дигаре барои зиндагӣ. Ба қавли ӯ, онҳо барои зиндагӣ дар ин хона пул намепардозанд, балки аз ҳақмуздашон мустақиман гирифта мешавад.
Нашрия менависад, бештари муҳоҷирони корӣ дар Русия на иҷозаи кор, на ҳуқуқ ва на имконоти дигарро надоранд: [b]“онҳо танҳо кор мекунанд ва пулҳои коркардаашонро ба хона мефиристанд”.[/b]
Ин нашрияи чехӣ супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва ҳуқуқи Русияро яке дигар аз мушкилиҳои муҳоҷирон гуфтааст. Ба навишатаи “Lidovky”, “ин кор ба ҳар кас муяссар намешавад. Барои мисол, Рустам забони русиро ба гунаи аҳсан намедонад ва супоридани имтиҳон аз таърих барояш ба таври фавқулода душвор аст”.
Аммо дар идомаи матлаб омада, чунин ҳам мешавад, ки муҳоҷирон гувоҳиномаи донандаи забони русиро бар ивази чанд ҳазор рубл бихаранд. [b]“Аз ин хотир муҳоҷирон дар Русия ба ҳеч ваҷҳ кам нахоҳанд шуд. Аммо имкон дорад, шумори бештари онҳоро қонунӣ кард”[/b],-навиштааст “Lidovky”.
Ба ин тартиб, нашрияи чехӣ хулоса кардааст, бидуни муҳоҷирони Осиёи Марказӣ кори сохтмонӣ дар Русия метавонад боз монад: [b]“Афзун бар ин, сели муҳоҷирон ягона умедест, ки коҳиши аҳолии Русияро ҷуброн мекунад”.[/b][/b]
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |