Омори нави шарикони кушташудаи Ҳоҷӣ Ҳалим ва таъкиди вазир ба ҳилаю найрангбозии кормандони оперативӣ
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи кормандони оперативӣ, ки 5 октябр таҷлил мешавад, аз амалиёт алайҳи гуруҳи Абдуҳалим Назарзода зикр карда, омори нави кушташудагон дар ин амалиётро ном бурд.
Ба гуфтаи Раҳимзода то ҳол 32 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим безарар гардонида шудаанд. Дар ҳоле, ки Вазорати умури дохилӣ баъди анҷоми марҳилаи асосии амалиёт алайҳи гуруҳи Назарзода дар Ромит изҳор дошт, ки дар маҷмуъ 27 шарики Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шудаанд.
Вазири умури дохилӣ воқеаҳои аввали моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат ва пойтахти кишварро идомаи ҳамон амалу кирдори гуруҳҳои ифротгаро ва ҷинояткор хондааст, ки аввали солҳои 90-ум ва охири солҳои 2000-ум вазъро дар кишвар ноором сохта буданд: “Душманони давлату миллат мехоҳанд зери ниқоби дини мубини ислом бо роҳандозӣ намудани ақидаҳои ифротгароӣ вазъи сиёсиро халалдор ва ҳадафҳои душманонаи худро амалӣ созанд. Бояд таъкид намоям, ки ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ муносибат ва умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешаванд. Ҳаёт борҳо собит намудааст ҳар касе, ки ба муқобили давлату миллат, халқ ва ормонҳои мардуми кишвар мебарояд, оқибат ба нокомӣ дучор мегардад”.
Рамазон Раҳимзода маҳви гуруҳи Назарзода ва дигар гуруҳҳои созмонёфтаи ҷиноиро натиҷаи кори муваффақонаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ хонда, изҳор доштааст, ки 90 фоизи ҷиноятҳо дар кишвар маҳз бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ошкор мешаванд.
Вазири умури дохилӣ афзудааст, ки дар китоби худ «Кори гумоштавӣ-оперативӣ», ки соли равон аз чоп баромад, боби алоҳидаро маҳз ба кормандони оперативӣ бахшидааст: “Дар он қайд намудаам, ки кормандони оперативӣ бояд дорои чунин сифатҳо - инсондустӣ, адолатпарварӣ, вазифашиносӣ, ору номус (шараф), виҷдон, интизомнокӣ, масъулиятшиносӣ, ҳисси ифтихор аз касб, сатҳи баланди зеҳну хирад, хотираи хуби босиравӣ, хотираи хуби сомеавӣ (яъне, шунавоӣ), мушоҳидакорӣ, тезфаҳмӣ, нақшофарӣ, таҷассумшавӣ, зирракӣ, ҳушёрӣ, далерӣ, чусту чолокӣ, шуҷоатмандӣ, сипоҳӣ, пуртоқатӣ, қобилияти бартараф намудани таъсири шароити боду ҳаво, гуруснагӣ ва бехобӣ, доштани маҳорати найрангбозӣ, истифодаи тарзу усулҳои ҳилабандии оперативӣ, пешбининамоӣ, қобилияти таҳлил намудани ҳар гуна зуҳурот, доштани ҳусни муошират, қавииродагӣ, принсипнокӣ, ботамкинӣ (яъне, ба эҳсосот дода нашудан), устуворӣ ба ҳар гуна таъсири ҳолатҳои ҳаяҷон ва ғайраро дошта бошанд”.
Раҳимзода дар охир барои кормандони оперативӣ саломатӣ, рўзгори осуда, осмони софу беғубор ва дар корашон комёбӣ, таманно кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |