Президент дар бораи таъминот бо барқ, истифодаи мошинҳои хидматию сарфаи сӯзишворӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 6 октябр дар масъалаи омодагӣ ба зимистон, таъминот бо барқ, даъвати наваскарон, тақвияти корҳои тарғиботӣ бар зидди терроризму ифротгароӣ ва истифодаи мошинҳои хидматию сарфаи сӯзишворӣ машварати корӣ баргузор намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмини муназзами мардум ва корхонаю муассисаҳо бо неруи барқ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст: “Ҳамчунин оида ба масъалаи назорати хароҷоти буҷа ва сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи мошинҳои хизматӣ ва сӯзишвориро низ мавриди баррасӣ қарор дода, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштааст”.
Эмомалӣ Раҳмон хостори суръат бахшидани ҷамъоварии ҳосили деҳқонон шуда, дар мавриди тақвияти корҳои тарғиботӣ бар зидди терроризму ифротгароӣ низ ибрози назар намудааст. Раисиҷумҳур барои ҷилавгирии ҷавонони ноогоҳ аз пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва даъвати онҳо баҳри ҳифзи оромию субот ба роҳбарони ниҳодҳои қудартию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо фаъолони ҷомеа корҳои тарғиботию ташвиқотиро пурзӯр намоянд.
Таъкиди раисиҷумҳури Тоҷикистон ба сарфакорӣ дар истифодаи мошинҳои хидматӣ дар ҳолест, ки қаблан Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода буд, ки бар асоси протоколи № 9-и маҷлиси ҳукумат ба мансабдорон дастур дода шудааст, ки истифода аз мошинҳои хизматиро кам намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |