Додситонии кулл аз боздошти 23 раҳбар ва аъзои раёсати олии ҲНИТ хабар дод

Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти 23 раҳбар ва аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар дода, мегӯяд, онҳо бо иттиҳоми анҷоми чанд ҷиноят муттаҳам мешаванд.
Ин ниҳод бо пахши як иттилоия гуфтааст, алайҳи ин афрод бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Дар гузашта, додситонии кулл аз боздошти 13 узви Раёсати олии ҲНИТ хабар дода, ному насаб ва суроғаи онҳоро эълон карда буд. Аммо дар иттилоияи ахири ин ниҳод исми 10 аъзои дигари ҲНИТ, ки 29 сентябр фаъолияташ манъ гардид, ошкор нашудааст.
Хабари боздошти фаъолони ҳизб дар ҳолест, ки Раёсати СММ оид ба ҳуқуқи башар -“OHCHR” аз афзоиши хатари нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Равина Шамдасанӣ, намояндаи “OHCHR” аз бастани ҲНИТ интиқод намуда, изҳор доштааст, “мо ҳукумати Тоҷикистонро даъват мекунем, ки дар мубориза терроризму экстремизм ҳуқуқҳои байналмилалиро риоя кунад”.
Аз ин пеш, Иттиҳоди Аврупо ва чанд созмони ҳифзи ҳуқуқ низ дар ин бастагӣ изҳорот дода буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |