Нашри китоби “Дуруст бинависем”-и Рустами Ваҳҳоб
Китоби нави Рустами Ваҳҳоб, шоир ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик бо номи “Дуруст бинависем” нашр шуд.
Рустами Ваҳҳоб дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин китоб дар нашриёти “Сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо теъдоди 500 нусха ба чоп расидааст. Ӯ мегӯяд, дар китоб шумори зиёди иштибоҳоте, ки ба такрор дар матбуот, таълифоти илмию бадеӣ ва гуфтори радиёву телевизион ба назар мерасад, баррасӣ гардида, шакли дуруст ва саҳеҳи калимаю ибораҳо, мавқеи корбурд ва тарзи баёни онҳо тавзеҳ дода шудааст.
Ба гуфтаи муаллиф, китоб барои адибону хабарнигорони ҷавон ва умуман алоқамандони омӯзиши амалии забон судманд буда, маводи он ҳамчунин бо салоҳдиди устодон метавонад дар дарсҳои амалии забоншиносӣ, услубшиносӣ ва матншиносӣ чун дастури таълимӣ ва василаи иловагии омӯзиш мавриди истифода қарор дода шавад.
Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи “Дуруст бинависем” саҳифае фаъол аст, ки онро Рустами Ваҳҳоб гардонандагӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |