Фаъол гардидани сомонаи ҲХДТ баъди мамнуъ шудани торнамои ҲНИТ
Торнамои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки дар гузашта бо суроғаи “трибун-тҷ” қобили дарёфт буд, акнун бо исми нав фаъол шудааст.
Дилшод Яҳёев, масъулини ин сомона сешанбеи 6 октябр ба “Озодагон” гуфт, баъди навсозӣ торнамои расмии ҳизби ҳоким бо суроғаи “ҳамсафон-тҷ” дар интернет дастрас мебошад: “Сомона бо якчанд низоми ҳимоявӣ ҷиҳозонида шуда, имкониятҳои воридшавии хакерҳо ва шикастани он хеле маҳдуд аст”.
Ӯ афзуд, ба фарқ аз торнамои қаблӣ, дар сомонаи нав матолиби видеоӣ низ ҷой дода шудаанд ва инчунин корбарон имкон доранд, назари худро зери маводҳои нашршуда бинависанд.
Бо тарҳ ва суроғаи нав фаъол шудани торнамои расмии ҲХДТ дар ҳолест, 29 сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияти сомонаи он – “наҳзат-тҷ”-ро мамнуъ эълон кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |