Даъвати Абдуллозода аз ҷавонон: Нисбати забон эҳтироми хосса дошта бошед

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз ҷавонони кишвар даъват кардааст, нисбат ба забони модарӣ эҳтироми хосса дошта бошанд. Ин нуктаро Аҳтам Абдуллозода зимни як чорабинӣ бо ширкати донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, иброз доштааст.
Наврӯз Қурбонов, масъули бахши иттилоотии кумита ба “Озодагон” гуфт, Абдуллозода дар суҳбат бо ҷавонон нақши забонро дар таҳкими давлатдорӣ муҳим арзёбӣ карда, таъкид доштааст, яке аз рукнҳои асосии давлатдориро забон ташкил медиҳад.
Аҳтам Абдуллозода қайд намудааст, имрӯз забони давлатӣ ба меҳрубонӣ ниёз дорад аз ин рӯ, ҷавонон нисбат ба забон эҳтироми хосса зоҳир карда, вориси ин забони бою ғанӣ бошанд: “Аҳтам Абдуллозода аз таърихи забони модарӣ ва рушду инкишофи он дар давраҳои гуногуни давлатдорӣ ёдовар шуда, онро хеле қадимӣ ва забони бою ғанӣ унвон кард”.
Манбаъ мегӯяд, Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар ин нишаст таъкид кардааст, забони тоҷики ҳанӯз дар асрҳои 9-10 миллати тоҷикро ҷаҳонӣ карда буд. Ба иттилои манбаъ, хонум Шарофзода изҳор намудааст, баъзан аз ҷониби баъзе ҷавонон алфози қабеҳ садо медиҳад, ки ба забони тоҷики хос нест.
Ҳамасола дар Тоҷикистон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар гузашта Рӯзи забон 22 июл таҷлил мегардид, аммо соли 2009 баъди қабули қонун “Дар бораи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон” он ба панҷуми октябр гузаронда шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |