Шореҳони варзиш: Бозигарони қирғиз нисбат ба футболбозони тоҷик бартарӣ доранд

Мунтахаби футболи Тоҷикистон барои иштирок дар сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2018 шаби гузашта вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд.
Бозии яккачини Тоҷикистон бо Қирғизистон қарор аст рӯзи 8 октябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков баргузор шавад. Хабарнигорони риштаи варзиш дар мавриди ин рақобат назарҳои мухталиф доранд. Журналист Ҳайдар Шодиев дар суҳбат ба бахши русии “Озодагон” гуфтааст, омодагиҳои ҳарду даста баробар аст, аммо аз ин ки бозигарони Тоҷикистон дар сафар қарор доранд, эҳтимол қирғизҳо бартарӣ нишон бидиҳанд: “Фикр мекунам ҳисоби бозӣ баробар -- 2:2 хотима меёбад”.
Ибодулло Тоиров, журналисти дигари риштаи варзиш ҳам мегӯяд, бо назардошти нишондодҳои ахири бозиҳои Қирғизистон бартарӣ насиби мизбонҳо мешавад. Ба гуфти ӯ, бозиҳои соли қаблии яккачини Тоҷикистон нишон дод, ки омодагии ҷиддӣ барои мунтахаби мо лозим аст. Оқои Тоиров мушкили асосии мунтахаби Тоҷикистонро як муддат бесармураббӣ мондани даста ва қисми зиёди дастаро ташкил кардани бозингарони тими “Истиқлол” унвон карда гуфт, “мо шоҳиди бозии ин даста бо Кувайт шудем. Дар ин рақобат Тоҷикистон бо ҳисоби калон бохт ва ин нишондодҳоро мухлисон қабл аз бозӣ дар расонаҳои иҷтимоӣ пешгӯӣ карда буданд”.
Бо вуҷуд номбурда мегӯяд, варзишро пешгӯӣ кардан бисёр душвор аст: “Аммо фикр мекунам Тоҷикистон дар ин бозӣ бо бохт рӯбарғ мешавад”.
Ба андешаи Самариддин Асоев, пирӯзӣ дар ин дидор нисиби Тоҷикистон хоҳад буд. Бино ба пешгӯии ӯ, ҳисоби бозӣ 3:1 ба фоидаи Тоҷикистон хотима меёбад. Нури Наср бошад, бар ин андеша аст, ки “ агар ин бозӣ панҷ сол қабл баргузор мегардид, мегуфтам, ки ғолибият насиби мо хоҳад гашт. Вале бо тамошои ду бозии ахири тими Қирғизистон ҳаминро гуфта метавонам, ки ин алакай сатҳи дигар аст. Бинобар ҳамин бартарии бештарро онҳо соҳибанд”.
Ӯ афзуд, “дақиқ гуфта наметавонам, ки бозӣ чигуна хотима меёбад. Мумкин мусовӣ анҷом ёбад”.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ -- Мубин Эргашев 22 бозингар шомиланд. Дарвозабонҳо: Алишер Туйчиев, Қурбоналӣ Бобоев, Алишер Додов; Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев, Давронҷон Эргашев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Ҳасан Рустамов, Манучеҳр Аҳмадов, Далерҷон Тухтасунов; Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Ҷаҳонгир Алиев, Дилшод Восиев, Нозим Бобоҷонов; Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Комил Саидов, Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров;
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |