Аз Сурия ба Тоҷикистон?

Атохон ҒАНИЕВ
16 сентябр лорди англис Мегнад Дессаӣ, ки зодаи Ҳиндустон буда, шаҳрвандии Британияи Кабирро пазируфтааст, дар парлумони ин кишвар баромад намуда, пешниҳод кард, қисме аз гурезаҳои Сурия ва кишварҳои дигари Шарқи Наздикро дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир кунанд.
“Дар Осиёи Марказӣ кишварҳое ҳастанд, ки аҳолии кам доранд, монанди Туркманистон, Тоҷикистон, Муғулистон ва ғайра. Зичии аҳолӣ (дар ин минтақа) сад баробар аз зичии аҳолии Аврупо камтар аст - изҳор дошт Десаӣ. –Ман мехостам, ки СММ бо ҳамкории ин кишварҳо кӯчонидани шумораи ҳар қадар зиёди муҳоҷирон ва гурезаҳоро ташкил намуда, онҳоро дар ин мамлакатҳо ҷойгир созанд".
Ба андешаи лорд Дессаӣ, яке аз сабабҳое, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қабули гурезаҳои Шарқи Наздик метавонанд муносибати некхоҳона дошта бошанд, ин аст, ки онҳо фарҳанги наздик доранд. “Онҳо кишварҳои мусалмонианд, - гуфт ӯ дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ. – Онҳо як динро пайравӣ мекунанд”.
Аммо коршиноси рус оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ профессор Александр Князев ин иддаои намояндаи парлумони Британияро беасос ва ҳавоӣ хонд. Зимни сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” коршинос қайд кард, ки ба суханони ин сиёсатмадор набояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ кард. “Албатта кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назди Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо вобаста ба масъалаи муҳоҷират ӯҳдадории муайяне доранд, аммо ин маънои онро надорад, ки дар минтақа аз ин ҷиҳат онро касе иҷро хоҳад кард. Ин на он вазъиятест, ки бигӯем чун дар солҳои 1990, вақте ки Қазоқистон ва Қирғизистон гурезаҳои тоҷикро қабул намуда буданд. Ҳоло Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон худ мушкилоти барзиёдии аҳолии қобили меҳнатро доранд, ки асоси муҳоҷирони меҳнатии Русияро ташкил медиҳанд. Қазоқистон бошад проблемаҳои хусусияти иқтисодӣ дорад ва мутмаинам, ки қабули гурезаҳои Шарқи Наздик ҳеч ба нақшаҳои он намедарояд”-изҳор дошт Князев.
Шарқи Наздик минтақаест дар Осиёи Ҷанубӣ ва Африқои Шимолӣ, ки кишварҳои зиёдеро дар бар гирифта, дар ин минтақа арабҳо, форсҳо, арманиҳо, туркҳо, курдҳо ва яҳудиҳо аксарияти аҳолиро ташкил медиҳанд. Ин минтақа пас аз он машҳур шуд, ки аз моҳи декабри соли 2010 дар он “Баҳори араб”-силсилаи ошӯбу инқилобҳо оғоз ёфта, аксари кишварҳои минтақаро фаро гирифт. Табаддулотҳо дар Мисру Тунис ва Яман ва ҷангҳои шаҳрвандӣ дар Сурия ва Либия ва ошӯбу исёнҳо дар кишварҳои дигар боиси рехтани хуни ҳазорҳо одамон ва харобу валангор гардидани давлатҳои ободу мутараққӣ гардид.
Танҳо шумораи гурезаҳои Сурия дар айни замон 4 миллиону 13 ҳазорро ташкил медиҳад. Дар ин хусус Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо гузориш дода илова намудааст, ки алҳол беш 7,6 миллион шаҳрвандони аз хонаву дар маҳрумшудаи суриягӣ дар ин кишвар қарор доранд.
Коршинос Александр Князев чунин меҳисобад, ки баромади лорд Дессаӣ дар парлумони Британия ё бесаводии сиёсии ӯ ва надонистани оддитарин асосҳои ҷуғрофия, иқтисодиётро нишон медиҳад ё ин як фитнаи муқаррарист. “Британия – лоиҳакаши асосии ҳамаи муноқишаҳо дар Шарқи Наздик аст. Барои ҳамин, аз рӯи мантиқ мебуд, агар худи Британия ҳамаи ин масъалаҳоеро, ки вобаста ба гурезаҳои ин минтақа аст, ба ӯҳдаи худ мегирифт. Ин аз нигоҳи адолати таърихӣ ҳадди ақал як тантанаи адолат мешуд”, қайд кард коршиноси рус.
Ба фикри коршинос кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври кофӣ мушкилотҳо, аз ҷумла хатари ихтилофҳои дорои хусусиятҳои дохилӣ доранд ва чунин содироти ноамнӣ ба минтақаи мо мутлақан хатост. Набояд фаромӯш кард, ки замоне ихтилофҳо дар Осиёи Марказӣ маҳз аз муноқишаҳои байналмиллалӣ оғоз ёфта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |