Мушкили молӣ дар "Фононбонк” ва таъини маъмурияти нав
Бонки Миллии Тоҷикистон бо ишора ба мушкили молӣ дар “Фононбонк” изҳор доштааст, ки муваққатан дар ин бонк маъмурияти навро таъин кардааст.
Бонки Миллӣ имрӯз, 5 октябр дар шарҳи ин иқдомаш изҳор доштааст, ки бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСП “Фононбонк” ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он аз 2 октябри соли равон дар “Фононбонк” маъмурияти муваққатиро ба муҳлати се моҳ таъин намуд: “Мутобиқи қарори қабулшуда ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи идораҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст”.
Масъулин мегӯянд, ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСП “Фононбонк” чораҳои зарурӣ андешад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |