Ҳалокати 11 нафар дар рӯзҳои истироҳат дар роҳҳои Тоҷикистон
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, садамаҳои нақлиётӣ тайи рӯзҳои истироҳати гузашта дар роҳҳои кишвар 11 кушта барҷой гузоштааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод 9 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст: “Аз ҷумла дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа як сокини 20-солаи Душанбе, дар роҳи Панҷакент-Айнӣ марди 65-сола ва зани 47-сола, сокинони шаҳри Панҷакент, духарчаи 8-сола дар Фархор, ду нафар дар роҳи Рашт, марди 39-сола дар Ҷалолиддини Рӯмӣ, пиёдагарди 7-сола дар А.Ҷомӣ, писарбачаи 10-сола дар Панҷакент ва марди 28-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расидаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |