Дуздии гарданбанди 15 000 сомона дар “Панҷшанбебозор”
Раёсати умури дохилии Суғд аз боздошти як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки дар дуздии гарданбанди тило гумонбар мешавад.
Тавре аз дафтари матбуоти ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, боздошти ин ҷавони 21-сола дар пайи шикояти ҷавонзани 27-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифтааст. Ин зан гуфтааст, “27-уми сентябри соли равон, тақрибан соати 07:00 дар ҳудуди “Панҷшанбебозор”-и шаҳри Хуҷанд шахси номаълум бо роҳи зӯрӣ аз гарданаш гарданбанди тиллоиеро, ки арзишаш 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.
Бино ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда дар пайи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ аз сӯйи кормандони милиса дастгир шуда, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |