Бахшҳо
21 окт 2011 04:30Сиёсат

Оё Кабири Русияро исломӣ карданист?

Тавре хонандагони "Озодагон" дар хотир доранд, дар шумораи гузашта матлабе нашр карда будем, ки "Ҳукумат аз таъсиси ҳизби муҳоҷирон истиқбол мекунад" ном дошт ва ба саволҳои гузоштаи мо Каромат Шарифов, нафаре, ки муддаии таъсиси Ҳизби муҳоҷирон гардид, то лаҳзаи чопи матлаб посух надода буд.

Инак аз ҷониби эшон ба суроѓаи мо посухҳо расиданд, ки бо иловаи пурсишҳо онро пешкаши хонандагон мекунем:

- Идеяи таъсиси ҳизб солҳо боз идома дорад.  Аммо чаро имрӯз нияти таъсиси онро ҷиддитар мешуморед?  Кадом омилҳо ва фазои мушаххас шуморо ба ин кор таҳрик медиҳад?

-Идеяи таъсиси ҳизб нахуст 30-юми октябри соли 2006 дар осоишгоҳи  "Снегири"-и вилояти Маскав зимни мулоқот бо масъулини раисҷумхур ва намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон пайдо шуд. Дар он мулоқот раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, додситони кулл Шерхон Салимзода, раҳбари дастгоҳи иҷроия Матлубхон Давлатов ширкат доштанд. Банда дар маҳфил ба сифати коршинос дар робита ба масоили муҳоҷират аз ҷониби ҷамъиятҳои тоҷик баромад доштам.  Дар нишаст ман бо иҷозаи намояндагони Тоҷикистон навореро таҳти унвони " Ҳаёти талхи муҳоҷири тоҷик" пахш кардам. Филми мазкур аз ҷониби кормандони "Ҷамъияти тоҷикон дар Русия" ба навор гирифта шудааст. Дар филми мазкур тамоми мушкилиҳои зиндагии шаҳрвандон хориҷ аз кишвар таҷассум ёфтааст. Дар поёнии филм барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон пешниҳоде садо дод, ки "Ҳизби муҳоҷирони тоҷик" бояд таъсис ёбад. Мо фикр дорем, ки таъсиси ин нерӯи сиёсӣ ба манфиати давлати Тоҷикистон аст. Баъдтар,  моҳи марти соли 2007 дар вохӯрии дигар бо иштироки  зиёиёни Тоҷикистон, ки дар Маскав гирди ҳам омаданд, аз ҷумла Бӯри Карим, Ниёзӣ масъалаи таъсиси ҳизби сиёсӣ бори дигар аз ҷониби банда пешниҳод гардид.

Сабаби аслии ҷиддӣ гирифтани ин масъала дар ҳамин шабу рӯз он аст, ки аксарияти муҳоҷирони тоҷик баъд аз фаъолият дар Русия бо бемориҳои мухталиф ба хона бармегарданд. Модарон, хоҳарон, бародарон, писарони ноболиѓ ба хотири ба даст овардани маблаѓи ночизе дар ѓурбат саломатии худро аз даст медиҳанд, маъюб мешаванд. Барномаи тарҳрезикардаи давлатӣ муҳоҷирони тоҷикро таҳти назорати худ намегирад. Феълан интихобкунандагон дар якҷоягӣ бо хонавода ҳиҷрат мекунанд. Зиндагӣ сахт аст. Вале чаро давоми 20 соли истиқлоли кишвар раҳбарони имрӯзаи Тоҷикистон боре ҳам ба дидори интихобкунандагони худ намеоянд?

Шумо аз ман мепурсед, ки  кадом омилҳо ва фазои мушахас таъсиси ҳизбро ба ман таҳрик медиҳад, ин баргардонидани мутахасисони варзидае, ки ба иллати сахтии зиндагӣ рӯ ба муҳоҷират овардаанд. Дар сурати баргашт ва бо ҷои кори муносиб таъмин шудани онҳо дар Тоҷикистон давлат ва ҳукумати кишвар метавонад бурд кунад.

- Ҳукумати кишвар ахиран бо пешниҳоди созмонҳои ҷамъиятӣ, ниходи вижае вобаста ба муҳоҷирон таъсис дод, ҳарчанд коршиносон мегӯянд ин ниҳод ҳам натавонист хостаи онҳоро бароварда созад. Пас, таъсиси як нерӯи сиёсӣ то куҷо ҳалли мушкилотро осонтар ё баръакс душвортар мегардонад?  Умуман дурнамои фаъолияти онро  чӣ гуна мебинед?

-Дар урфият мегӯянд: "Гӯсоларо назди гов бурдан лозим на, балки говро бояд назди гӯсола бурд".  Ҳамин тавр ҳукумати Тоҷикистон ниҳодеро таҳти унвони "Хадамоти муҳоҷират" таъсис дод. Шумо метавонед фарзанди худро назди мулло баред ва бигӯед, ки ба вай дарси физикаро биомӯзад? Ба фикрам не. Бечора мулло шояд ҳайратзада шавад. Таъсиси "Хадамоти муҳоҷират" ба ҳамин монанд. Ҳеч як созмони муҳоҷирон дар Русия бар зарари ҳукумат ва шаҳрвандони Тоҷикистон бунёд нашуда, фаъолият надорад.

Умуман ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба назари мо феълан дар сурати таъсиси "Ҳизби муҳоҷирон" имконпазир аст.

Дар Тоҷикистон сару садои зиёде дар мавриди эҳтимоли пуштибонӣ ёфтани шумо аз ҷониби давлатмардони ҳукумати Русия зиёд аст, шумо чӣ назар доред?

-Русия 70 соли шӯравӣ хонаи раҳбарони Ҳизби коммунистии Тоҷикистон буда, давоми 20 соли истиқлол ба хонаи тамоми шаҳрвандони тоҷик табдил ёфтааст. Ҳар нафаре, ки дар манзили дӯсташ ё душманаш нон хӯрд, ӯро ба хотири намакаш пос бояд дорад. Ҳарчанд Русия барои Тоҷикистон душман нест. То ҷое ман медонам, аксари раҳбарони Русия пеш аз хоб саҳфае аз китоби Умар Хайёмро мехонанд. Мушкилоти феълии муҳоҷирони кори тоҷик ҳалшаванда аст. Масалан то соли 2001 зиндонҳои Русия пур аз ҷавонони тоҷик буд. Пас аз таъсиси "Ҷунбиши умумирусиявии муҳоҷирони тоҷик" ин масъала дар сатҳи боло баррасӣ гардида, то андозае ҳалли худро пайдо кард. Масъалаи асосӣ дар ин ҷо ба фикри мо дурӯябозии баъзе аз сохторҳои масъул ва раҳбарони онҳост. Бубинед, агар ҷунбиши мо таъсис намеёфт барномаҳое чун "Наша Раша" аз байн намерафтанд. Чун нотаҳои давлатии ҳарду кишвар дар рӯи миз ҳамоно боқӣ мондаанд.

Аз ҷониби дигар гуфтан зарур аст, ки таъсисёбии "Ҳизби муҳоҷирон" ба манфиати миллии Русия низ ҳаст. Зеро давоми 20 соли охир шаҳрвандони зиёди мо дар Русия соҳиби оилаву фарзанд гардида, ба воситаи расмиёт фарҳанги русиро аз худ карда метавонанд.

-Чаро зимни пахши изҳорот шумо аз эҳтимоли аз даст додани ҷойгоҳ ва нуфузи ҲНИТ ёдовар шудед? Дар ҳоле, ки ҳамроҳ бо Муҳиддин Кабирӣ чанд иқдоми якҷоя низ доштеду дар номаи табрикотии худ ба пешвози анҷумани ҲНИТ онро як нерӯи фарогиру таъсиргузор номидед. Оё эълони таъсиси ҳизби нав маънои ихтилофи назар бо Кабирӣ дар масоили муҳоҷирон бо шуморо дорад, ё сухан аз манфиатҳову таъсиргузории як ҳизби ватанӣ меравад, ки доираи фаъолиятҳои шуморо маҳдуд хоҳад кард?

- Бовар кунед, ҳатто дар сурате чунин изҳоротро ман пахш мекардам, ки агар ҳизби ҳокими халқи демократии Тоҷикистон дар бораи густариши фаъолияти худ берун аз кишвар садо баланд мекард, чӣ расад ба ҳизби Муҳиддин Кабирӣ. Медонед, ки русҳо миллатгароянд. Онҳо пас аз изҳороти раҳбари ҲНИТ М. Кабирӣ масъалае пеш гузоштанд, ки тоҷикон ҷомеаи Русияро исломӣ кардан мехоҳанд. Вақте дар ин бора шарҳи маро як хабарнигори рус фаҳмиданӣ шуд ба онҳо шумораи гӯшии Муҳиддин Кабириро додам, то аз забони эшон посух дарёфт кунанд. Мутаассифона он лаҳза гӯшии Кабирӣ дастнорас буд ва хабарнигорон натавонистанд ба пурсишҳояшон  посух бигиранд. Ин лаҳза дар барномаи радиоӣ пахш шуд.

Ба таври дигар изҳороти Кабириро дар Русия чунин қабул карданд, ки ӯ дар Русия ҷиҳод эълон кардааст. Инро ман метавонам танҳо иштибоҳи раҳбари ҲНИТ арзёбӣ кунам.

Дуруст аст, ки муҳоҷирони тоҷик ва мушкилоти онҳо танҳо дар ҳолатҳое ба ёди нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон мерасад, ки ягон чорабинии муҳими сиёсӣ баргузор шавад. Инро ман дар чандин ҳолатҳо мушоҳида кардам. Яъне, муҳоҷирон барои нерӯҳои сиёсӣ феълан танҳо барои гирифтани холҳои бештари сиёсист, на бештар аз ин. Оё инро демократия ва меҳанпарастӣ номидан мумкин аст?

Агар ҳадафи раиси ҲНИТ ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик бошад, мутмаинам, ки оѓои Кабирӣ пас аз таъсиси "Ҳизби муҳоҷирон" изҳори хушҳолӣ хоҳад кард. Аммо ҳоло ба Кабирӣ тавсия медодам, ки изҳороти худро барои матбуоти Русия шарҳ бидиҳад ва онҳоро ором кунад, ки ҳадафаш аз суханони гуфтааш чӣ буд.

Феълан тамоми нерӯи сиёсии Тоҷикистон бояд дақиқ донанд, ки "Ҷунбиши умумирусиявии муҳоҷирони тоҷик" дар вазорати амнияти Русия сабти ном шудааст. Яъне мо худро масъули комили ҳамаи муҳоҷирони тоҷик медонем. Аз ин хотир аз ҳамаи шахсиятҳои сиёсии Тоҷикистон даъват мекунем, ки зимни пахши ин ё он изҳорот ҷиддӣ андеша кунанд, то ба алов равѓан нарезанд.

- Ҷомеаи Тоҷикистон дар бораи шумо маълумоти собит надорад. Гоҳ мешунавем, ки бо ҳукумат сӯҳбатҳое дореду дар маъракаҳои онҳо ширкат мекунед, гоҳи дигар мебинем ки интиқоди шадид аз фаъолиятҳои онҳо доред. Решаи ин ҳама ихтилофи назарҳоро аз куҷо бояд ҷустуҷӯ кард?

-Мутмаинан мегӯям, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар бораи ман маълумоти собит дорад, аммо мутаасифона бархе бо ном хабарнигорон мехоҳанд ба шахсияти ман ҳамеша ҷомаи сиёҳ пӯшонанд. Шояд чунин хабарнигорон муваффақ шуда бошанд, ки дар шахсияти ман шаку шубҳа ба вуҷуд биёяд. Дар асл ман доим бо мардуми Тоҷикистон ва мушкилоти онҳо будам, ҳастам ва хоҳам монд. Воқеан зимни сафари худ ба Тоҷикистон, ки дар ин бора зиёд сӯҳбатҳо мекунанд, ман бо мақомоти начандон сатҳи баланди ҳукумати Тоҷикистон вохӯрда будам. Дар ин дидор мо масоили мухталиф, аз ҷумла мавзӯи муҳоҷират, сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардумро баррасӣ кардем. Баъди ин сӯҳбатҳо низ ман ҳамон Каромат боқӣ мондам, ки соли 2001 бори аввал дар Русия ҷамъияте бо номи "Хазинаи тоҷик", "Тоҷик диаспора"-ро таъсис додам. Аз соли 2005 нашри рӯзномаи "Овози Тоҷикистониён"-ро ба роҳ мондам.

Мусоҳибаи Ҳумайрои БАХТИЁР

PS:
Суоли дигари матраҳ ин буд, ки оё "Ҳизби муҳоҷирони Тоҷикистон" дар куҷо сабти ном хоҳад шуд ва раиси ин ҳизб киро интихоб хоҳанд кард. Зеро тибқи қонунгузории Тоҷикистон аҳзоби сиёсии берун аз кишвар дар дохил ҳақи фаъолият надоранд ва шаҳрванди як кишвари дигар низ муассиси ҳизби сиёсии ватанӣ буда наметавонад. Каромат Шарифов дар посух ба ин пурсишҳо гуфтааст, ки онҳо талош хоҳанд кард, то ҳизбро дар Тоҷикистон сабти ном кунанд ва ӯ, ки шаҳрвандии кишварро надорад, барои раҳбарӣ кардани ин ҳизб талабгор нест.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)