Эмомалӣ Раҳмон ба “синни пайғомбарӣ” расид
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 5 октябр 63-сола шуд, ки миёни мардум бештар бо номи “синни пайғомбарӣ” маъруф аст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Қаҳрамони Тоҷикистон, (то 21 марти соли 2007 Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов) 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғара дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст. Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст. Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд. Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт. Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Соли 1990 вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ин шӯро интихоб шуд. 6 ноябри соли 1994 дар интихоботи президентӣ баранда шуд ва дар интихоботҳои солҳои 1999, 2006 ва 2013 курсияшро ҳифз кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин раиси ҳукумати Тоҷикистон, Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ, раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, рРаиси Кумитаи миллии олимпӣ, Раиси Шӯрои амният, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, раҳбари ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - "Пайванд" мебошад.
Оиладор ва падари нуҳ фарзанд – ду писар ва ҳафт духтар аст. Писари калонаш Рустам аз ҷавонтарин мансабдор ва генералҳои тоҷик аст. Ӯ дар синни 26 раиси Хадамоти гумрук таъин шуда, феълан раҳбарии Оҷонсии мубориза бо фасодро ба уҳда дорад. Духтараш Озода Эмомалӣ Раҳмон бошад, ҳоло ба ҳайси муовини аввали Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |