Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал демократҳо ва ноиби раиси Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, низомиёни рус ба марзи Тоҷикистон баргарданд. Ӯ 25 сентябр дар шарҳи қазияи боздошти овозхонҳои маъруфи рэп дар Русия - Гуф ва Слим изҳор доштааст, роҳи маводи мухаддирро бояд дар марзи Тоҷикистон гирифт. Жириновский таъкид намудааст, маводи мухаддир бояд дар Русия набошад ва барои ин зарур хондааст, ки бо Тоҷикистон созиш шавад, то марзбонҳои рус ба сарҳад бо Афғонистон баргарданду роҳи қочоқи маводи мухаддирро бигиранд. Дар ин робита “Озодагон” аз се коршиноси тоҷик пурсид: ЭҲТИМОЛИ БАРГАШТАНИ АФСАРОНИ РУС БА МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ВУҶУД ДОРАД?
Сайфулло САФАРОВ, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ
Аввалан ҷаноби Жириновский худ намедонад, ки тамоми сохтори интиқоли маводи мухаддир чигуна аст. Дуввум ин ки бозгашти сарбозони рус ин боз ҳам бештар шудани интиқоли маводи мухаддир ба сӯи худи Русия мешавад. Чунки онҳо худашон охир-охирон ба канали интиқоли маводи мухаддир табдил меёбанд, чи тавре ки дар замони шуравӣ буд. Сеюм ин ки ҷаноби Жириновский пеш аз ҳама вазъияти кишвари худашро муаррифӣ мекард, ки аслан модарони рус барои хидмати фарзандонашон дар дигар кишварҳо розӣ нестанд ва ҳатто як Кумитае ҳам ташкил карда буд ва ҳар вақте ки ягон нафар дар Тоҷикистон дар сарҳад кушта мешуду мурдааш интиқол меёфт, дар назди биноҳои ҳукуматӣ митинг мекарданд. Ақалан ҳамон таҷрибаи таърихиро бояд ин ҷаноб дар ёд дошта бошад ва набояд, ки ҳамин гуна андешаҳои бемантиқро ба ҷомеа пешниҳод намояд.
Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия
Албатта вуҷуд дорад! Болотар аз ин, банда боварӣ дорам, ки ин масъала аллакай ҳал шудааст. Фақат чанд масъалаҳо ва мушкилотҳои фаннӣ мондаанд. Дар Русия ҳам ҳукумат ва ҳам мардум мутмаинанд, ки маводи мухаддир ба Русия аз Тоҷикистон меояд. Ин боварӣ, баъди қазияи Рустам Ҳукумов (писари раиси вақти идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон) , ки бо маводи мухаддир дастгир шуда буд, зиёд гашт ва тобиши дигар низ гирифт. Ман ки дар ҷаласаҳои сатҳҳои гуногун иштирок кардаам, медонам ки аксар бар онанд, ки аз Афғонистон убур кардани қочоқи маводи мухаддир ва ба Русия расонидани он, пурра таҳти назорати мақомот ҳастанд ва агар сарҳадбонони Русия бознагарданд, вазъ бадтар мешавад. Чаро кӣ дар Русия бовар бар он аст ки баъди ворид шудани амрикоиҳо ба хоки Афғонистон, истеҳсоли маводи мухаддир ба маротиб афзудааст ва ин як сиёсатест барои заиф кардани Русия. Агарчӣ ин биниш то ҷое хандаовар ҳам ҳаст, аммо чунин ақидаҳо ҳастанд.
Султони ҲАМАД, коршиноси масоили амниятӣ
То имрӯз хуб ё ганда марзбонони тоҷик аз уҳдаи вазифаи худ баромада истодаанд. Барои ҳамин ҳам то имрӯз зарурати ба марзи Тоҷикистону Афғонистон овардани сарҳадбонони як кишвари дигар вуҷуд надошт. Вале вазъият дар он тарафи соҳили Омӯ торафт ваҳимтар шуда истодааст. Хабари суқути Кундуз ба дасти гуруҳи Толибон албатта мояи нигаронии шадид аст. Бо вуҷуди ин ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон баргардондани марзбонҳои рус дар ҳамон мақоме, ки қаблан то хориҷ шуданашон буданд, кори чандон дурандешона нест. Тоҷикистон узви чанд созмоне ба номи Созмони амнияти дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай ҳаст, ки дар сурати пеш омадани зарурат метавонад аз ин ташкилотҳо дархости кумак кунад. Ин созмонҳо вазифадоранд, ки таҳдидҳои эҳтимолиро алайҳи кишварҳои аъзои он муштаракан рафъ намоянд.