Посухи ВКД ба суоли “кадоме аз наҳзатиҳо ҷазо мегиранду кадомашон не?”

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи экстремистию террористӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ эълон кардааст, афроде, ки ихтиёран аз сафи ҳизб хориҷ шуда, баъди манъи фаъолияти ҲНИТ ҳамкориро бо он қатъ кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.
Ин ниҳод мегӯяд, вақтҳои охир муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилӣ дар мавриди тақдири собиқ аъзои ҲНИТ зиёд шудааст ва бештар пурсида мешавад, ки оё онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ё на? ВУД посух додааст, “танҳо шахсоне, ки фаъолияти худро дар ин ҳизб давом медиҳанд, ё аз нав аъзои он мешаванд ва ё сохторҳои нави ҳизбро ташкил карданӣ мешаванд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобарии ҷиноятӣ кашида мешаванд”.
Мақомоти умури дохилӣ дар хитоб ба шахсоне, ки бо худ санади тасдиқкунандаи аъзои ин ҳизбро доранд, изҳор доштааст, ҳуҷҷатҳоро бо пешниҳоди аризаи хориҷ шудан аз ҳизб ба сохторҳои вилоятию шаҳру ноҳиявии Вазорати адлия ва ҳифзи ҳуқуқ супоранд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон 29 сентябр бо дархости Додситонии кул Ҳизби наҳзати исломиро экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |