Таърихи имрӯз: Анонс, мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ДУШАНБЕ. 5 октябр - 278-умин рӯзи сол. То поёни сол 87 рӯзи дигар монда
-Имрӯз аз Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар гузашта Рӯзи забон 22 июл таҷлил мегардид, аммо соли 2009 баъди қабули қонун “Дар бораи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон” он ба панҷуми октябр гузаронда шуд.
-Имрӯз инчунин дар Тоҷикистон аз Рӯзи омӯзгорон таҷлил мекунанд.
* Эмомалӣ Раҳмон (1952) – райиси ҷумҳури Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон (то 21 марти соли 2007 Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов) 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғара дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст. Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст. Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд. Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт. Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.
Соли 1990 вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ин шӯро интихоб шуд.
6 ноябри соли 1994 дар интихоботи президентӣ баранда шуд ва дар интихоботҳои солҳои 1999, 2006 ва 2013 курсияшро ҳифз кард.
Оиладор ва падари нуҳ фарзанд – ду писар ва ҳафт духтар аст. Писараши калонаш Рустам аз ҷавонтарин мансабдор ва генералҳои тоҷик аст. Ӯ дар синни 26 раиси Хадамоти гумрук таъин шуд. Духтараш Озода Эмомалӣ Раҳмон бошад, ҳоло ба ҳайси муовини аввали Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад.
* Сулаймон Анварӣ (1946) – адабиётшинос;
* Анушервон Бикасиён (1955) -ҳайкалтарош, Ходими шоистаи ҳунариТоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ;
* Облоқул Бозоров (1932) – доктори илми фалсафа, профессор;
* Ҳабибулло Имоддӣ (1937) – нависанда;
* Ақназар Қурбонмаҳмадов (1940) – доктори илми фалсафа, профессор.
* Мансур Муллоев (1923 – 1997) – доктори илми ҳуқуқ, профессор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ;
* Раҳмон Набиев (1930 – 1993) – арбоби давлатӣ;
* Ҳасан Наққош (1925 – 1986) – шоир ва адабиётшиноси арабтабор;
* Фаррух Неъматзода (1959) – рассом;
* Юсуф Нуралиев (1936) – доктори илми тиб, профессор;
* Ҷумъағозии Кирей (1929)- ҳайкалтарош;
* Xӯрақули Аҷиб (1950) - шоири узбакзабони Тоҷикистон, мутарҷим;
* Фурқати Саид (1967) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
* Ҳошим Раҳим (1908 – 1993) – адабиётшинос, мутарҷим, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон;
* Қурбоналӣ Яъқубов (1949) – найнавоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
* Саидқул Билолов (1953) – сароянда, оҳангсоз, Ҳунарпешаи мардумии
* Честер Алан Артур - 21-умин президенти ИМА (1829);
* Рамзан Қодиров – Райиси ҷумҳури Чеченистон, Қаҳрамони Русия (1976);
*Стив Ҷобс – яке аз муассисон ва сарвари кулли корпоратсияи Apple, 2011;
# Рӯзи забони давлатӣ дар Тоҷикистон;
# Рӯзи муаллимон дар Русия;
# Рӯзи ҷумҳурӣ дар Португалия;
= Ифтитоҳи ҳафтаи адабиёти Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1963;
= Дар Душанбе ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, 2002;
= Тоҷикистон ба Интерпол пайваст, 2004;
= Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе санги асоси бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказиро гузошт, 2011;
= Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе шаш санадро ба имзо расонданд. Аз ҷумла Созишнома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон. Бар асоси ин созишнома пойгоҳи Русия то соли 2042 дар Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард, 2012;
= Кашфи Коста-Рика аз ҷониби Христофор Колумб, 1502;
= Имзои нахустин шартномаи ҳамкорӣ миёни СССР ва Сандуқи байналмилалии асъор, 1991;
= Борис Елтсин фаъолияти ҳизб ва рӯзномаҳои мухолифро манъ кард, 1993;
= Дар Баҳрайн сабқати шоҳмот миёни Владимир Крамник ва нерумандтарин барномаи компютерии шоҳмоти ҷаҳон – “Дип Фритс” оғоз шуд, 2002;
^ Шаҳри Душанбе. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Шарқ 0-5 м/с. Ҳарорат: шабона 11-13 гарм, рӯзона 25-27 гарм;
^ Навоҳии тобеи марказ. Абрӣ. Дар баъзе ноҳияҳои куҳӣ борони кутоҳмуддат меборад. Шамол аз самти Шарқ 2-7м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7:12 гарм, рӯзона 24-29 гарм, дар баландкуҳҳо шабона 3-8 хунук рӯзона 18-23 гарм;
^ Шаҳри Қӯрғонтеппа. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Ғарб 0-5 м/с. Ҳарорат: шабона 12-14 гарм, рӯзона 26-28 гарм;
Вилояти Хатлон. Абрӣ. Дар баъзе ҷойҳо борони кутоҳмуддат меборад. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с.Ҳарорат: дар водиҳо 11-16, рӯзона 26-31 гарм, дар доманакуҳҳо шабона 8-13, рӯзона 21-26;
^ Шаҳри Хуҷанд. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 14-16 гарм, рӯзона 24-26 гарм;
Вилояти Суғд. Абрӣ. Дар баъзе ноҳияҳо борони кутоҳмуддат меборад. Шамол аз самти Ғарб 3-8 м/с . Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10-15, рӯзона 22-27 гарм, дар куҳҳо шабона аз 3-8 гарм, рӯзона 12-17 гарм;
^ Шаҳри Хоруғ. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Ғарб 0-5 м/с. Ҳарорат: шабона 5-7 хунук, рӯзона 23-25 гарм;
^ Ноҳияи Мурғоб. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Ғарб 0-5 м/с. Ҳарорат: шабона 5-7 хунук, рӯзона 12-14 гарм;
ВМКБ. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: дар ҒВМКБ шабона 3-8 гарм, рӯзона 19-24, дар ШВМКБ шабона аз 3-8 хунук, рӯзона 6-11 гарм.
Маълумот аз торнамои meteo.tj
1 доллар 6.4805сомонӣ
1 ЕВРО 7.2335
10 рубли русӣ 0,1024
1 манати Озарбойҷон 6.1819
1000 риёли Эрон 0.2163
10 тангаи Қазоқистон 0,2391
10 соми Қирғизистон 0,9411
1 юани Чин 0,9808
1 динори Қувайт 20,3823
1 манати нави Туркманистон 1,8470
1 лири Туркия 2,1444
100 суми Узбакистон 0,2473
Маъмулот аз торнамои nbt.tj
Мӯҳр
Хабарҳои монанд:
Таърихи як рӯз: Анонс, таваллуд, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз...
Таърихи имрӯз: Анонс, мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз
Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |