Шукурҷон Зуҳуров ба Остонаи Қазоқистон меравад
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон душанбеи 5 октябр барои ширкат дар Форуми байналмилалии “Дурнамои иқтисодии АвруОсиё” ба шаҳри Остонаи Қазоқистон меравад. Дар ин бора Муҳамадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, боздиди оқои Зуҳуров бо даъвати Кабибулло Ҷакупов, раиси Маҷлиси парламенти Қазоқистон ва Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия сурат мегирад.
Манбаъ мегӯяд, Форуми байналмилалии “Дурнамои иқтисодии АвруОсиё” рӯзи 6 октябр дар шаҳри Остона ба кори худ оғоз карда, дар назар аст, Шукурҷон Зуҳуров дар он суханронӣ намояд: “Инчунин ӯ бо раисони парлумонҳои як қатор кишварҳо, ки дар ин нишаст иштирок мекунанд, мулоқот анҷом медиҳад”.
Дар поёни форуми мазкур ба қавли сухангӯи Маҷлиси намояндаҳо, “масоили мухталиф, аз қабили густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ҳамчун унсури муҳим дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутба ва ҷаҳонишавии иқтисодӣ бо роҳи ҳамоҳангсозии ҳадафҳои сиёсӣ, рушди иқтидори инфрасохтор, тавсеаи фаъолиятҳои мутақобилаи тиҷоратӣ-сармоягузорӣ ва густариши робитаҳои башардӯстона баррасӣ гарданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |