Хурсандии Э.Раҳмон аз “ба таври бесобиқа боло рафтани обруву нуфуз”-и Олмон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як барқия Йоахим Гаук, ҳамтои олмонияшро бо солгарди Рӯзи ваҳдат шодбош гуфтааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти кишвар, дар ин нома аз ҷумла омадааст, “Ҷаноби Олӣ, 25-умин солгарди Иди миллии кишвари дӯст – Рӯзи Ваҳдати Германия имконеро фароҳам сохтааст, то Ҷаноби Олӣ ва мардуми Ҷумҳурии Федеративии Германияро ба ин муносибати таърихӣ табрику таҳният гӯям. Дастовардҳои назарраси кишваратон мӯҷиби ба таври бесобиқа боло рафтани обруву нуфузи Ҷумҳурии Федеративӣ дар арсаи байналмилалӣ гаштааст, ки ин боиси хурсандии мо мебошад”.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи барқияи табрикӣ гуфтааст: “Тоҷикистон Германияро яке аз ҳамшарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва мо омодаем, ки ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардондани мазмуну мундариҷаи ҳамкориҳои худ бо кишвари Шумо тамоми чораҳои заруриро андешем. Изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг, ва амнияту мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши пайгир хоҳанд ёфт”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |