Бузургмеҳр Ёров: Бегуноҳиямро исбот мекунам...
Бузургмеҳр Ёров, вакили боздоштшудаи масъулини ҲНИТ иттиҳоми эълонкардаи мақомотро, ки ӯро дар қаллобӣ ва сохтакорӣ муттаҳам мекунанд, рад кардааст. Ин нуктаро оқои Ёров дар мулоқот бо наздиконаш изҳор дошта, таъкид намудааст, бегуноҳияшро исбот хоҳад кард.
Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ду рӯз пеш бо ордери вакилӣ назди ӯ даромадааст: “Бузургмеҳрро дидам, гуфт, намехоҳад ман вакилаш шавам. Ҳозир аз ҳуқуқҳои ӯ Бобохон Яқубов ҳимоят мекунад”.
Ҷамшед Ёров аз қавли бародари боздоштшудааш афзуд, аз Ҳоҷиев Беҳруз Султонбекович ягон маблағ нагирифтааст. Вазорати умури дохилӣ ахиран эълон кард, “Бузургмеҳр Ёров аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Тоиров Бадриддин, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулии муфт, соли 2009 ба боварии шаҳрванд Ҳоҷиев Беҳруз Султонбекович даромада, аз ҳолати оҷизӣ ва вазъияти шадиди ноилоҷии охирин суистифода бурда, аз ӯ маблағи пулӣ ба миқдори 7000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аризаи даъвогии Миралиева Мадина Абдуллоевнаро оиди ҷудо кардани молу мулк ба фоидаи Ҳоҷиев Б. ҳал мекунанд”.
Аммо Бузурмеҳр Ёров изҳор доштааст, “ҳамон Беҳруз, ки нони хурдан надошт, вакили занаш будам ва ягон тин нагирифтаам. Инашро низ исбот мекунам”. Ба иддаои Ҷамшед Ёров, дар гузориши таҳиянамудаи мақомоти умури дохилӣ далелҳои нодуруст нашр шудааст: “Бархилофи хислатномаи нашркардаи ВКД Бузургмеҳр на дар Сурхандарёи Узбакистон, балки 9 июли 1971 дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ ягон маротиба ба Узбакистон нарафтааст”.
Оқои Ёров илова намуд, ВКД дар хислатнома навиштааст, “бинобар сабаби мунтаззам вайрон кардани дарсҳо ӯро ба шӯъбаи ғоибона гузарондаанд”, “аммо-мегӯяд вай - муаллимони ӯ гуфтанд, вақте ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд, бисёриҳо аз Душанбе баромада ба минтақаҳои худашон рафтанд. Дигар муфаттиш намонд, мақомот маҷбур шуд, ки донишҷӯёни фаъолро ба кор гирад. Барои чӣ дар хислатнома наменависанд, ки Бузургмеҳр чанд маротиба барои мубориза бо муҷоҳидон ба Ғарм рафта буд?”
Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр низ ба “Озодагон” гуфт, 1 октябр бо бародараш вохӯрдааст: “Вазъи саломатиаш хуб буда, аз ягон корманди мақомот шикоят накард. Гуфт муносибати кормандони мақомот бо ӯ хуб аст. Таъкид намуд аз мавқеаш дар мавриди ҳимояи шаҳрвандон даст намекашад. Бародарам таъкид намуд, фикри худамро намекунам, фикри 8 миллион аҳолии Тоҷикистонро мекунам”.
Иттилоъ дар бораи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ёров барои сохтакорию қаллобӣ баъди он нашр шуд, ки ин ҳуқуқшинос аз таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ хабар дод. Дар як суҳбат гуфта буд, даъвати мақомот барои даст кашидан аз ҳифзи ҳуқуқи боздоштшудаҳоро рад кардаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |