Сӯхтор дар фермаи Алимардон 1 рӯз пас аз боздиди Президент
Як рӯз баъди боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз хоҷагии “Баракат”-и Ҳисор дар фермаи чорвопарварии ин хоҷагӣ сӯхтор ба амал омадааст.
Дар ин бора радиои “Озодӣ” бо такя ба мақомоти Ҳисор хабар дода, афзудааст, ки қазияи сӯхтор бо эҳтимоли зиёд қасдан сурат гирифтааст ва феълан тафтиши он идома дорад. Ба иттилои манбаъ сӯхтор дар фермаи “Баракат”, ки ба Муродалӣ Алимардон, раиси Агроинвестбонк мансуб дониста мешавад, шаби 23 сентябр рух дода, ҳаҷми зарари он ба биноҳои ферма ва кохи захиравӣ тақрибан 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки як аз рӯз пеш аз қазия-22 сентябр, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафараш ба ноҳияи Ҳисор аз Корпоратсияи Баракат дидан кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон “Баракат” хоҷагии серсоҳа буда, дар масъалаи парвариши чорво низ дар ҷумҳурӣ пешсаф аст: “Сарвари давлат барои фаъолияти пурсамар ва бо кор таъмин кардани садҳо нафар сокинони ноҳия ба роҳбарияти хочагӣ изҳори сипос намуда, ин иқдоми онҳоро намунаи ибрат номид”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |