Бахшҳо

Э. Раҳмон ва Абдулқодирзода дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузор

Пажуҳишгоҳи исломии Уммон исми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистонро ба феҳрасти “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2016” шомил кардааст.

Ин пажуҳишгоҳ, Абдулқодирзодаро дар қатори се раҳбари умури дин зикр кардааст, ки тоза ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузор роҳ ёфтаанд.

Дар сархати ин феҳрист Абдуллоҳи 2 ибни Ҳусайн, шоҳи Урдун, дар пайи ӯ Аҳмад Муҳаммад Ат-Таййиб, шайхи аъзами Донишгоҳи “Ал-Азҳар” аз Миср, сипас шоҳи Арабистони Саудӣ -- Абдуллоҳ бин Абдулазиз Ал Сауд ва дар мақоми 4-ум Алӣ Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.

Оқохони IV Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-умини исмоилиён дар зинаи 40-ум мақом гирифтааст. Гузоришгарон мегӯянд, аз Оқохони IV то 15 миллион нафар дар саросари ҷаҳон пайравӣ мекунанд, ки қисме аз онҳо дар Бадахшони Тоҷикистон иқомат доранд.

Дар ин рӯйхат инчунин Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Афғонистон, Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон ворид шудаанд. Дар ин баробар исми 5 экстремист, аз ҷумла Абубакр Бағдодӣ низ ба рӯйхати 500 мусалмони таъсиргузори ҷаҳон роҳ ёфтааст.

Ин бори дуюм аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин феҳраст роҳ меёбад. Соли 2012 низ Эмомалӣ Раҳмон шомили рӯйхати 500 мусалмони таъсиргузор шуда буд. Соли 2013 аз Тоҷикистон исми Муҳиддин Кабирӣ дар ин феҳраст навишта шуд.
Мӯҳр
Алиҷон
сад афсус ки номи баъзе аз ашхоси мумину мусалмони вокеи ба мисли Алӣ Хоманаӣ ва Муҳддини Кабири дар ин феҳрести номҳои фосиқону фочирону кофирон гузоштанд сад афсус

ман
карим

Аз кадом хисоб инора итари мусолмонони таьсиргузор гузоштиян

Chayr Prezidentamon ku 200% durust,lekin tasoduk chi kor karda boshand?

БА КОДОМ МАЪНИ ТАЪСИР-ГУЗОРИ ДАР ДИНИ ИСЛОМ ШУДАНД ИНХО???
ЯЧИРО, КИ ПЕШКАШИ МАРДУМ МЕКУНЕД, ФАХМОТАРАК НАВИСЕД КИ БА МАРДУМ ФАХМО БОШАД!!!
ТАЪСИР ДУ НАВЪ МЕШАВАД, ТАЪСИРЕКИ ФОИДА МЕОРАД ВА ТАЪСИРЕ КИ ЗАРАР МЕРАСОНАД. ИН МАКОЛАИ ШУМОРО БА КАДОМ МАЪНИ ФАХМЕМ МУХТАРАМ ЖУРНАЛИСТОИ ОХИРИ ЗАМОН?

Сафарбек аз Душанбе.
Дар радифи 500 мусулмони таъсиргузор роњ ёфтани Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон ва Раиси Маркази исломии Тољикистон Саидмукаррами Абдуќодирзода фоли нек ва иќдоми дуруст аст. Воќеан, ин ду шахсият барои оромиву осудагии кишвар хеле корњои наљиб кардаанд ва амну осоишро бењтарин неъмати илоњї медонанд. Дар мамлакате, ки сулњу вањдат ва осудагиву амният нест, њељ гуна пешравї, аз љумла рушди исломи азиз њам буда наметавонад. Инро набояд фаромўш кард!

Номусдори Ватан.
Ман дар ин пажўњиши мутахассисони Уммон ягон нодурустиеро намебинам. Тољикистон ягона кишвари тинљу ороми минтаќа аст ва инро бояд шабу рўз шукрона гуфт. Дар ин кори муњим, яъне осудагї дар мамлакат бешубња, ин мардони бошараф - Сарвари Тољикистон Эмомалї Рањмон ва роњбари Маркази исломї - Саидмукаррами Абдуќодирзода сањми шоиста доранд. Инњо њамеша аз вањдат, шукргузорї аз неъмати сулњу дўстї ва мењнати њалол ба нафъи миллат сухан мегўянд, ки бењтарин рањнамоист. Касе ба ќадри осоиштагї намерасад, ё одам нест, ё аз ин олам нест!!!

роҳгузар
Хайр. Ҳеҷ гап не дия. Таьсир ҳар хел. Таьсири мусбат ва манфӣ. Шояд ин дафа тасири манфӣ бошад. Чунки ҳеҷ кас тасири Багдодиро мусбат намегӯяд ку

хизби нахзат ки нест шид хамааш соз меша дига.

Бовар кунед чанд вакт шуд инхел нахандида будам))))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)