Бахшҳо

Баҳси бештар бо Муллоҷонов: Қазияи ҲНИТ, исёни генерал ва фишангҳои Русия

Суҳбати ихтисосии Сайф Сафар, хабарнигори “Озодагон” бо Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик


ВИЖАГИИ ИН НИЗОМИ СИЁСӢ ДАР ОН АСТ, КИ ДИГАР ҲИЗБИ НАҲЗАТ НАХОҲЕМ ДОШТ

Озодагон: Ба назар мерасад, фазои сиёсии Тоҷикистон вориди марҳилаи нав мешавад...

Парвиз Муллоҷонов: “Бале, сиёсати Тоҷикистон вориди марҳилаи нав мешавад ва ин марҳила чанд вижагии худро дорад. Марҳилаи нави пас аз низоъ ба поён расид. Пас аз анҷоми ин марҳила мо ба як дуроҳа ё чорроҳа расидем ва чанд имконияти инкишоф вуҷуд дошт. Як роҳ интихоб шуд ва низоми сиёсии нав падид омад. Вижагии ин низоми сиёсӣ дар он аст, ки мо дигар Ҳизби наҳзат нахоҳем дошт. Фаъолияти ҳизбе, ки фаъолияташ дар асоси арзишҳои динӣ бино шуда буд, як падидаи сиёсии нотакрор буд, ба поён омад. Яъне, ин таҷрибаи ҳамзистӣ миёни ҳизби сиёсӣ-динӣ ва хукумат муваффақ нашуд.

Вижагии дуввуми ин марҳилаи нав дар он аст, ки ҳизбҳои дигар ҳам шояд баста шаванд. Масалан, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки ҳамчун ҳизби мухолиф ба ҳисоб меравад, қариб шӯъбаҳои ноҳиявӣ надорад ва дар ҳамин асос метавонад баста шавад. Вуҷуди Ҳизби куммунист ҳам зери суол аст. Яъне, агар ин кор давом ёбад мо дар оянда мебинем, ки як низоме бино мешавад, ки ягон ҳизби мухолифи расмӣ вуҷуд нахоҳад дошт. Танҳо ҳизбҳое шакли расмиашонро нигоҳ медоранд, ки ғайримухолиф ҳисоб мешаванду як бахши ҳукумат ва ё назди ҳукумат маҳсуб мешаванд. Ин алайкай як низоми дигар аст. Дар ин низом мо дигар тарафи мухолифи расмӣ нахоҳем дошт”.

Озодагон: Гуфтед, ки дар Тоҷикистон ҳамзистии як ҳизби сиёсӣ-динӣ бо ҳукумат муваффақ нашуд. Далелаш чӣ аст?

Парвиз Муллоҷонов: “Ин ҷо чанд сабаб овардан мумкин аст. Аввал, ки ҳукумат ин ҳизбро рақиби худ дид ва буҳрони иқтисодие, ки феълан дар авҷ аст шояд ҳукумат фикр кунад, ки чунин ҳизби мухолиф ба субот таҳдид кунад. Бархе аз коршиносони ватаниву хориҷӣ бар ин назар буданд, ки ҳукумат нахост барояш чунин таҳдиде вуҷуд дошта бошад. Яъне, дар фикри ҳукумат ин як таҳдид ба сохтори сиёсии феълӣ буд ва ба хулоса омад, ки як низоми нав сохта шавад, ки дар он ягон замина барои инқилоби ранга вуҷуд надошта бошад. Сабаби дигар ҳам дорад, ки албатта, як чизи тазод аст. Аз як тараф ҳукумат аз мухолифин каме тарс дошт, аммо аз тарафи дигар ҲНИТ-ро ба таври ҷиддӣ қабул намекард. Яъне, ҲНИТ-и расмӣ барои ҳукумат таҳдиде дошт, аммо аз ҲНИТ-и махфӣ дигар тарсу ҳарос надоранд. Таасуроти ман ин аст, ки ҳоло ҳукумат фикр мекунад, ки аз дасти ҲНИТ чизе намеояд. Барои он ки дар давоми чанд соли гузашта ин ҳизб дандони худро нишон намедод. Агар касе бо шумо рӯбарӯ шаваду шумо пайваста зарба занед ва ӯ сарашро хам кунад, дигар ӯро ҷиддӣ намегиред”.

Озодагон: Яъне, гуфтаниед, ки ҲНИТ ҳеч вокунише нишон надод, ки ҳукумат онро ҷиддӣ гирифта бошад?

Парвиз Муллоҷонов: Гуфтаниам, ки ҲНИТ таваҷҷуҳи худро ба созиш равона мекард ва хеле кушиш мекард, ки бо ҳукумат муносибати хуб дошта бошад. Ҳатто танқид ҳам намекард. Ин равиши ҲНИТ аз аввал, аз солҳои аввали пас аз имзои Созишномаи сулҳ вуҷуд дошт. Мисол, вақте ки дар охири солҳои 90-ум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо ҳамҳизбиҳояш аз Афғонистон ба Тоҷикистон омад, масъалаи радио пайдо шуд. Бисёре аз журналистони мухолифин расман ба Нурӣ муроҷиат карда, талаб доштанд радиое, ки дар Афғонистон буд ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Ба гуфтаи онҳо Сайид Абдуллои Нурӣ ин талаби онҳоро рад кард. Гуфт, ки мо ҳукуматро танқид нахоҳем кард, балки ҳамкорӣ мекунем. Яъне, аз ҳамон оғоз “сиёсати созиш” буд ва ин сиёсатро ба он равона карданд, ки ҳизби дар воқеъ қонунӣ бино шавад ва дар интихобот иштирок кунад. Ҳатто, бисёре аз размандагони собиқи Иттиҳоди неруҳои мухолиф Тоҷикистон (ИНОТ) аз ҳизб ранҷиданд. Онҳо шикоят мекарданд, ки зери фишору тафтишот қарор гирифта буданд ва ба гуфтаи онҳо ҳизб аз онҳо дифоъ накард. Аз ин хотир, ин як сиёсате буд, ки қувваи худро нишон намедод ва шояд, дар ҳамин асос ҳукумат бар ин назар аст, ки аз дасти ин ҳизб чизе намебиёяд. Агар боварӣ медоштанд, ки аз дасти ҲНИТ чизе меояд онро ҳеч гоҳ намебастанд”.

Озодагон: Пас аз иқдомҳои ахири ҳукумат дар баробари ҲНИТ ва ҳамин тавр боздошти 13 тан аз аъзои он расонаҳои хориҷӣ ба он ишора карданд, ки Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи автократия аст? Аз назари шумо низоми минбаъдаи сиёсии Тоҷикистон чи гуна мешавад?

Парвиз Муллоҷонов: “Мо қонунан ҳамаи вижагиҳои демократияро дорем. Вале истиқлоли шохаҳои ҳукумат дида намешавад. Додгоҳҳои мустақил нестанд, ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле заиф аст ва наметавонад вазифаи худро иҷро кунад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ талаботи демократия аст. Одатан дар як ҷомеаи демократӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле пурқувват аст ва ҳамкорӣ миёни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша вуҷуд дорад. Мутаассифона, дар таҷриба на ҳамаи талаботҳои демократия вуҷуд дорад. Дар мавриди оянда, чӣ тавре қайд кардам, танҳо ҳукумат ва ҳизбҳои наздиҳукуматӣ боқӣ мемонанд. Дигар ҳизбҳои мухолиф ё пурра баста мешаванд ва дар шакли махфӣ фаъолияти худро давом медиҳанд. Умуман, пас аз баста шудани ҲНИТ як вакуум ё ҷойи холӣ пайдо мешавад. Он ҷойи холиро дигар созмонҳои махфӣ, ки бештар характери ифротгароӣ доранд ишғол мекунанд. Аксарияташон ҳизбҳои радикали экстремистӣ хоҳанд буд ва шояд дар байнашон ҳаракатҳои мухолифи берун аз низом (несистемная оппозиция) ҳам нуфуз пайдо мекунанд. Мисол, як мох пеш касе ба сайтҳои мухолифин, ки дар хориҷ қарор доранд, таваҷҷуҳ намекард. Ҳоло бошад, аз рӯи фаҳмиши ман, таваҷҷуҳ ба онҳо чанд баробар афзоиш ёфт, чунки маълумот ва информатсия кам аст ва мардум дар ҷустуҷӯи маълумоти алтернатив қарор доранд. Албатта, чунин вазъият ба фоидаи суботи низоми ҳозира намебошад”.

Озодагон: Шумо гуфтед, ки баъдан низоме ба ин монанд боқӣ мемонад: “ҳукумат ва ҳизбҳои назди ҳукумат”. Номи ҳаминро чӣ метавон гузошт?

Парвиз Муллоҷонов: “Дар илми сиёсатшиносӣ ин падида як шакли низоми якҳизбӣ ба шумор меравад. Яъне, зоҳиран чанд ҳизб дар воқеъ вуҷуд доранд, аммо дар асл мухолифи ҳукумат нестанд ва дар чорчӯбаи умумии давлатӣ вуҷуд доранд”.

Озодагон: Метавон гуфт, ки дар дарозмуддат сенарияи соли 1979-и Эронро шоҳид шуд? Яъне, наҳзатиҳо бо нерӯе вориди кишвар бишаванд, чуноне ки Хумайнӣ аз Порис расид?

Парвиз Муллоҷонов: “Инро пешгӯи кардан хеле душвор аст, аммо ман шахсан ба ин боварӣ надорам. Гап дар ин аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз ҷомеаи солҳои 70-и Эрон хеле фарқ мекунад. Ҷомеаи мо дунявӣ аст. Ҳатто раҳбарони Ҳизби наҳзат, хусусан Сайид Абдулло Нурӣ чанд бор изҳор доштанд, ки дар вокеъ бино кардани давлати исломӣ дар ин марҳилаи аз 20 то 30 сол имкон надорад. Вале хусусияти вазъияти ҳозира дар он аст, ки агар чунин давом кунад ягона қувваи алтернатив барои ҳукумат ҳизбҳои динӣ мемонанд. Пеш аз ҳама гуруҳҳое ба монанди ДОИШ, Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳизб-ут-таҳрир ва ғайраҳо...”

САРМОЯГУЗОРӢ АЗ ҒАРБ ДАР ИН ШАРОИТ КАМТАР МЕШАВАД

Озодагон: Ҳоло ягон нерӯи таъсиргузорро болои ҳукумат намебинем. Абарқудратҳое мисли Русия ва Чин ҳам аз ҳукумати феълии Тоҷикистон ҳимоят мекунанд...

Парвиз Муллоҷонов: “Маълум аст ки агар взъияти феълии Тоҷикистон ҳамин гуна идома ёбад, муносибаташ бо Ғарбу Амрико мураккабтар мешавад. Баъд аз бастани ҲНИТ ва фишор болои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ танқид аз тарафи ҷомеаи байналмилалли хоставу нахоста зиёд мешавад. Рейтингҳои Тоҷикистон дар раддабандиҳои ҷаҳон ҳамчун як кишвар поин мераванд. Сармоягузорӣ аз Ғарб дар ин шароит камтар мешавад. Дар ин маврид Тоҷикистон хоҳ нохоҳ таваҷҷуҳи худро бештар ба Чин ва Русия хоҳад кард. Гуфтаҳое, ки мо ҳоло аз бархе аз раҳбарони ҳукумат ва он чизҳоеро, ки дар рӯзномаҳои расмӣ характери зиддиғрабӣ доранд, далели инанд. Ин чиз ҳам вокуниши Ғарбро ба миён меорад. Ба ин тартиб, Тоҷикистон хоҳ нохоҳ ба Русия ва сармоягузории Чин бештар такя мекунад ва нуфузи ин ду кишвар дар Тоҷикистон бештар мешавад. Инчунин маълум аст, ки Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ворид мешавад. Мо ин пешниҳоди Русияро рад карда наметавонем, чунки Маскав ҳамаи восита ва фишангҳо барои таъсир расондан ба вазъи дохилии Тоҷикистонро дар даст дорад. Умуман, бояд гуфт, ки сиёсати Русия ҳамеша ду паҳлӯ дорад. Аз як тараф гӯиё аз суботи Тоҷикистон хамеша тарафдорӣ мекунад, аз ҷониби дигар агар лозим шавад, ҳамаи намуди фишорро барои нигаҳ доштани нуфузи худ ба кор мебарад. Ҳатто баъзе фишангҳои дигарро истифода мебарад, ки барои суботи Тоҷикистон хатарзо мешаванд. Мисол, метавонад имрӯз мухолифини мукими Маскавро тарафдорӣ ва фардо, вақте ки муносибат ба ҳукумати Тоҷикистон боз беҳтар шуд, онҳоро ҳабс карда, ба Душанбе равон кунад. Ин шеваи рафтор натанҳо дар муносибат бо Тоҷикистон, балки бо дигар кишварҳо ҳам вуҷуд дорад. Умуман ин муносибат хоси ҳамаи абарқудратҳо аст”.

Баҳси бештар бо Муллоҷонов: Қазияи ҲНИТ, исёни генерал ва фишангҳои РусияОзодагон: Ба назари шумо 13 нафари боздоштшудаи ҲНИТ-ро чӣ интизор аст?

Парвиз Муллоҷонов: “Аксарияти онҳо иқрор мешаванд, ки муносибат байни ҲНИТ ва исёнгарон вуҷуд дошт. Ин айбнома пешниҳод мешавад ва онҳо маҷбур мешаванд, ки ба он розӣ шаванд. Агар онҳо ин айбро рад ҳам кунанд, шоҳидони дигар хам пайдо мешаванд ва дар ҳамин асос парвандаро боз мекунанд”.

Озодагон: Ва онҳо зиндон мешаванд?

Парвиз Муллоҷонов: “Агар дар маҳкама ба ин хулоса биёянд, ки муносибат байни онҳо ва исёнгарон, яъне тарҳи зиддиҳукуматӣ вуҷуд дошт, онҳоро барои чанд сол ҳабс мекунанд”.

Озодагон: Оё дар маҳкама ба ин хулоса меоянд?

Парвиз Муллоҷонов: “Аз мантиқи гуфтаҳои расмӣ метавон гуфт, ки ин масъала дар миён аст”.

Озодагон: Дар ин авохир мо шоҳиди ба ДИИШ пайвастани Гулмурод Ҳалимов ва исёни Абдуҳалим Назарзода, ду тан аз низомиёни кишвар шудем. Фикр мекунед, чаро маҳз аз бахши ҳарбии ҳукумат даст ба муқобилият мезананд?

Парвиз Муллоҷонов: “Масъалаи Ҳалимов ҷудо аст. Ин масъала ба шахсияти ӯ ва тарғиботи бобарори ДИИШ бармегардад. Дар мавриди Назарзода метавон гуфт, ки ин масъалаи Вазорати мудофиа нест, балки масъалаи муносибати ҳукумат бо ҲНИТ ва собиқ размандагони ИНОТ аст. Исёни Назарзода аз Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ берун аст. Ман гумон мекунам, ки дар бархурди сохторҳои қудратӣ ва дигар вазорату идораҳо фарқият вуҷуд дорад. Кормандони дигар вазоратҳои масъул ба соҳаи иқтисодиёту савдо, сиёсати хориҷӣ, бештар прагматик мебошанд. Масалан, онҳо бештар ба рейтинги Тоҷикистон таваҷҷуҳ медиҳанд. Чунки дар ин вазоратҳои ғайриқудратӣ одамони ҳирфаӣ нишастаанд. Онҳо мефаҳманд, ки то кадом андоза рейтингҳои байналмилалӣ барои Тоҷикистон, дарои ҷалби сармоягузории хориҷӣ муҳим аст. Дар сохторҳои қудратӣ, фикр мекунам, масъалаҳои иқтисодию сиёсати берунии кишварро он қадар ба назар намегиранд. Умуман, гуфтан мумкин аст, ки идеологияи сохторҳои қудратии Тоҷикистон идеологияи сохторҳои амниятии Русия аст. Идеологияи Путин аст. Хеле таъсир дорад. Яъне, чунин идеологияе аст, ки таҳдиди субот аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, мухолифин, Ғарб ва Амрико бар меояд. Сабаби нобоварӣ ба ҲНИТ, ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба созмонҳои ғайридавлативу хориҷӣ пеш аз ҳама дар ҳамин идеология аст”.

Озодагон: ...ва нобоварӣ ба собиқ размандагони ИНОТ?

Парвиз Муллоҷонов: “Нобоварӣ ба размандагони собиқи ИНОТ аз солҳои 90-ум сарчашма мегирад. Ҳукумат ҳаргиз на ба наҳзат ва на ба собиқ размандагон боварӣ надошт. Ҳоҷӣ Ҳалимро ба ин вазифа ба он хотир расонданд, ки ӯ дар солҳои 90-ум ҷанг ҳам намекард. Ҳатто ӯро “30 фоиза” ҳам намегуфтанд”.

Озодагон: Ахиран, намояндагони расмии Амрико зиёд ба Тоҷикистон меоянд. Чанде пеш фармондеҳи қувваҳои Марказии Амрико, пас аз ӯ Даниеэл Розинблум, ёвари муовини котиби давлатии Амрико ва баъдан ҳудуди 200 сарбози ин кишвар барои тамрин озими Тоҷикистон шуданд. Фикр намекунед, ки ин қадамҳои аввалини Амрико ба мақсади пайдо кардани нуфуз дар Тоҷикистон бошад?

Парвиз Муллоҷонов: “Ин гуна қадамҳо ҳамеша вуҷуд доштанд. Натанҳо барои Тоҷикистон балки барои тамоми минтақа. Дар ин ҷо аввал масъалаи Афғонистон аст. Чигунагии вазъият дар Афғонистон барои Амрико хеле муҳим аст. Илова бар ин нуфузи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар ҳоли зиёд шудан аст. Аз ин ҷиҳат аст, ки тавваҷуҳи Амрико ба Осиёи Миёна зиёд мешавад. Амрико мехоҳад, ки Осиёи Миёна нисбатан мустақилтар бошад. На дар дохили як низоми сиёсӣ- геополитикӣ, ки зери назари Русия аст ва инчунин намехоҳад, ки ба монанди Иттиҳоди Шӯравӣ як империяи нав пайдо шавад, ки характери зидди амрикоӣ дошта бошад”.

МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН ҶАҲОНИ БЕРУНАРО БО ЧАШМИ РУСИЯ НИГОҲ МЕКУНАНД

Озодагон: Агар ба фаҳмиши сиёсии мардуми омм нигоҳ кунем бештари онҳо ҷонибдори сиёсати Русия ҳастанд ва нуфузи онро дар Тоҷикистон бар Амрико тарҷеҳ медиҳанд. То кадом андоза ҳукумат сиёсати худро аз рӯи тамоюлҳои сиёсии мардум дуруст мекунад?

Баҳси бештар бо Муллоҷонов: Қазияи ҲНИТ, исёни генерал ва фишангҳои РусияПарвиз Муллоҷонов: “Дар мавриди муносибат бо Русия миёни ҳукумат ва мардум фарқи зиёд вуҷуд надорад. Ҳам мардум ва ҳам ҳукумат ҳамчун бахше аз мардум ба Русия бо чашми хуб менигаранд. Далелаш ҳам ин аст, ки мо дар зери таъсири фазои иттилоотии Русия қарор дорем. Бештари кормандони ҳукумат таҳсилдидаи Русия ҳастанд. Гуфтан мумкин аст, ки мардуми Тоҷикистон ҷаҳони берунаро бо чашми Русия нигоҳ мекунанд. Сардиҳое, ки дар робита ба ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вуҷуд доранд, на ба он хотир аст, ки ҳукуматдорони мо афкори зидди Русия ё зидди интегратсия доранд, балки ба он хотир аст, ки он модели интегратсияе, ки Русия мехоҳад барои ҳукуматдорони мо қобили қабул нест. Онҳо мехоҳанд, ки Русия сармоягузории зиёдтар кунад. Талаби Тоҷикистон ин аст, ки агар Русия мехоҳад, ки дар воқеъ нуфузи бештар дошта бошад, бояд сармоягузорӣ кунад”.

Озодагон: Шумо дар мавриди интегратсия гуфтед. Ба назар мерасад, ки Русия ба як навъе Тоҷикистонро барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё маҷбур мекунад.

Парвиз Муллоҷонов: “Ин чиз рӯшан аст. На танҳо Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳои собиқ Шӯравиро маҷбуран ба ин иттиҳод ворид мекунанд. Сабабаш вазъияти бади геополитикии Русия аст. Муносибат бо Амрико ва Ғарб вайрон аст. Бисёр чизҳоро дар арсаи байналмилалӣ аз даст доданд. Барои ин мехоҳанд ҳар чизеро, ки берун аз ҳудуди пасошӯравӣ аз даст доданд, дар Осиёи Миёна дарёфт кунанд ва ба ин тартиб худро аз инзивоъ (изолятсия) берун кунанд”.

Озодагон: Шумо ҳам аз ҷумлаи коршиносонед, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё майл надоред. Дақиқтар, намехоҳед, ки Тоҷикистон ба он пайвандад.

Парвиз Муллоҷонов: “Ман намегӯям, ки зидди ин иттиҳод ҳастам. Суол ин ҷост, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чӣ аст? Он шакле, ки Русия пешниҳод мекунад як падидаи сиёсӣ аст. Паҳлуҳои иқтисодӣ ба хубӣ таҳия нашудаанд ва норӯшан ҳастанд. Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳатто Белорусия аз ин иттиҳод бештар зарар диданд, то фоида. Мо бояд манфиатҳои миллии худро пеш гузорем ва бубинем агар пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои мо фоида бошад, бипайвандем. Ман мухолифи интегратсияи шимол ё ҷануб нестам. Шояд дар оянда барои мо интегратсия бо Эрон зарур шавад. Ҳамааш вобаста ба манфиат аст. Агар Русия воқеан бихоҳад Тоҷикистон вориди иттиҳод шавад, шартҳое гузорад, ки барои мо ҷолибу судманд шавад. Паёмади пайвастан ба ин иттиҳод ҳам то хол норӯшан аст”.
Мӯҳр
Чои чунин сиесатшиносони асилу хакики дар Хукумати маркази аст. Тахлили мушаххас ва дар заминаи ояндабини.

Durust kayd karded payemadi payvastan holo ba mo ma'lum nest .Respekt!Akalan ravshani andochted.

Точик
Мунсифона бахо додед. офарин!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)