Рӯзи аввали даъват ба артиш. 70 нафар аз Исфара ихтиёрӣ ба аскарӣ рафтаанд
Шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 70 тан аз ихтиёриёнро ба хидмати ҳарбӣ гусел кардааст. Дар ин бора ба “Озодагон” аз ҳукумати шаҳри Исфара иттилоъ доданд.
Бино ба хабари манбаъ, ин ҷавонон рӯзи якуми октябр, дар нахустин рӯзи оғози мавсими даъват ихтиёрӣ барои хидмат дар артиш ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада ва ба аскарӣ гусел шудаанд. Манбаъ мегӯяд, дар даъвати гузашта шаҳри Исфара 15-20 рӯз пештар аз муҳлати муайяншуда нақшаи давъати ҳарбиро ба анҷом расонида буд: “Гусели барвақти ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз корҳои фаҳмондадиҳии масъулин вобастагӣ дорад. Яъне, чӣ гуна Ватанро ҳифз кард, қарзи шаҳврвандии ҳар инсон ва ба монанди инро мефаҳмонанд. Чун шаҳри Исфара корҳои фаҳмондадиҳиро ҳанӯз аз даври мактабхонии ҷавонон оғоз мекунад”.
Эмомалӣ Раҳмон - раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 14 сентябр доир ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ва хизмати ҳарбӣ фармонеро содир кард, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997-и кишвар ба хизмати ҳарбӣ даъват гарданд: “Моҳҳои октябр-ноябри соли 2015 шаҳрвандони ҷинси марди то рўзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мўҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд”.Акс аз Интернет
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |