Амирқул Азимов, вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи якмандатии Сино рақами 4 интихоб гардидааст, аз ин рӯ ба қайд гирифта шуда, ваколаташ тасдиқ карда шавад.
Дар ин бора имрӯз комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон қарори марбутаро ба имзо расонид. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дастгоҳи марказии КМИР иттилоъ доданд, мутобиқи ҷамъбасти натиҷаҳои интихобот дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Сино №4 аз 68 266 нафар интихобкунандагон 55 207 ё ки 81% иштирок намуда, ба тарафдории Азимов А.Н. 35 162 нафар, ё ки 62,89 дарсад, ба Манонов С.Т. 5 534 нафар ё ки 9,9%, ба Мирзоев М.Б. 4 243
нафар ё ки 7,59%, ба Саидов Т.Б. 8 942
нафар ё ки 15,99 фойизи интихобкунандагон раъй додаанд.
Ёдрас менамоем, дар интихоботи миёнадаврии ҳавзаи Сино № 4, ки рӯзи 15-уми май баргузор гардид, чор довталаб барои курсии вакили МН байни ҳам сабқат карданд. Инҳо, котиби шӯрои Амнияти ҶТ Амирқул Азимов аз ҲХДТ, Музаффар Мирзоев аз ҳизби аграрӣ, Сафарбек Маннонову Толибшоҳи Сайидзода (Саидов) тариқи худпешбарӣ буданд.
Мӯҳр