Худоҳофизӣ бо Низом Қосим ва истиқбол аз депутати нави парлумон
Парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 1 октябр бо Низом Қосим, шоири маъруфи тоҷик, ки аз моҳи марти соли 2010 то ҳол вакили Маҷлиси намояндагон буд, худоҳофизӣ кард.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар пайи қатъи ваколатҳои вакилии Низом Қосим ӯро ҳамчун яке аз фаъолони парлумон тавсиф карда, дар мақоми нав-раҳбарии Иттифоқи нависандагон ба ӯ муваффақият таманно кард. Низом Қосим тариқи назм бо собиқ ҳамкоронаш худоҳофизӣ карда, аз афроде, ки шояд тайи солҳои фаъолият ранҷондааст, узр хост.
Низом Қосим, барандаи ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад, ки моҳи июни соли равон дар курсии раҳбари Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтиро иваз намуд.
Тавре қаблан аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ба ҷои Низом Қосим дар Маҷлиси намояндагон Миралӣ Достиев Гургакович, директори Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ вакил хоҳад шуд. Достиев бидуни баргузории интихобот аз рӯйи феҳристи ҷумҳуриявии ин ҳизб вориди парлумон шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |