Бахшҳо

Як мушт ҳарза

Азизи НАҚИБЗОД

Рӯзе ки хона таъмир мекардам талабгори “аловӣ” (ҳезум) зиёд шуд. Тахтапораҳои куҳнаро ба ҳар хоҳишманд қисмат намудам. Навбати печкаи газ расид (воқеан ин қуттӣ дар кунҷи ошхонаи танг танҳо як дарди сар буд). Холаи ҳамсояро самимона пурсидам, ки шояд ба дардаш бихурад. Ғазаб кард:
-Аз ҳамин қуттии худ безорам, боз қутии туро дар тори сарам гузорам?

Дар Душанбе бисёре аз сокинон батареяҳои оби гарм ба истилоҳ "отопление"-ро ҳангоми таъмири хонаҳояшон чандин сол аст, ки бурида мепартоянд. Ва чандин нафар ҳам аз фурӯши чунин батареяҳои чӯянӣ ба чиниҳо пулдор шуданд. Кандани батареяҳои оби гарм таърихи дарозтар дорад. Аммо 7-8 сол аст, ки мардум дигар печкаҳои газашонро низ ба партовгоҳ мепартоянд. Ҳарчанд дар Душанбе Маркази гармидиҳӣ чанд сол қабл сохта шуду бо қайчӣ шудани лентаи рамзияш дар маросими бодабдабае ифтитоҳаш баргузор гардид, вале ҳануз мардум бовар надорад, ки рӯзе хонаҳояшон мисли замони Шӯравӣ гарм хоҳад шуд. Ҳануз ҳам тиҷорати батареяҳои чӯянӣ дар авҷ аст.

Чандин сол пеш кишвари ҳамсоя ҳар гоҳ мехост интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ мекард. Мардум гоҳ газ дошту гоҳ не. Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати Тоҷикгаз гуё роҳи ҳалли мушкили газро пайдо намуданд ва хонаҳои шаҳриёнро бо ҳисобгари газ таъмин намуданд. Ваъда доданд, ки дигар мувофиқи ҳисобгар пули истифодаи газро дар вақташ супоред бидуни газ нахоҳед монд. Аммо чӣ мегӯед, ки ин ҳисобкунакҳо бехосият баромаданд. Пас аз насби ҳисобкунакҳо мардуми шаҳр газро танҳо дар хобашон мебинанд.

Ҳамин тавр мо пас аз ҷавоби рад гирифтан аз холаи ҳамсоя печкаи газро ба партовгоҳ бурда партофтем. Кори соддае менамояд, аммо чунин нест. Тасаввур кунед, ки ҳар ки печкаи газашро ба партовгоҳ мепартояд, ҳамроҳи ин қуттӣ бовару эътимод ба фардоро ҳам мебарад. Охир то чанд метавон ба умеди фардои гарму рушан зист?

Ҳарфи иҷтимоъро ҳаминҷо бигузорем. Мушкилоти сиёсӣ чӣ?
Ҳамин саҳар хондам, ки нисбати вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ намудаанд. Яку якбора. Ба пурсиши “чаро” посух намегӯем. Посухашро худатон медонед. Аммо шигифтовар аст, ки ӯ ҷиноят содир карда ё гунаҳкор будаву мақомот чашм мепӯшидаанд. Ин вакил, ки “қаллоб” ва “сохтакор” буда, чаро то имрӯз пеши роҳашро нагирифтем? Ва чаро мисли ҳамон танзи барномаи “Лаҳзаҳои гуворо” одамон дар кишвари мо «яке» ҷинояткор мешаванд?

Ин равандҳо, ки воқеияти кишвари мост, боварҳоро мешикананд. Эътимодро аз миён мебаранд. Бидуни эътимод ба ҳеч куҷо расидан имкон надорад.

P.S. Зери як матлабам, ки дар сомонаи "Озодагон" нашр шуда буд, корбаре чунин навишта: “Ҳамин Азиз чӣ менависад? - Як мушт ҳарза!”
Мӯҳр
.
Аз Точикистон касе ки имконият дорад рафтан даркор. Ин чо дигар оянда надорад.

мусалмон
Бехтарин гапхои рост

Азиз, аллакай як нафар шуморо "дуруст" фахмид. Агар токати шумо хам дар ин фазо "танг" шуда бошад. Мархамат...
Хонаи моро ки бояд гарму рушан кунад, гайри худи мо????
Бе газу рушнои хам зистан мумкин, давлатхои газдорро бубинед, ки "Пештозон"-е чун шумо ба чи хол оварданд....

Сукут в ҳарза
Ҳозир ба ғайри Азиз ва ду се нафари дигар ҳатто дигар "ҳарзанавис" ҳам намондааст. ҳама аз навиштани ҳарза ҳам метарсанд. Охир ҳамин ҳарзаро ҳам навиштан ҷуръат мехоҳад. Ҳама хомушанд ва боз касеро ки ҳарф мезанад, ба сукут даъват мекунанд. Охири ин сукутҳо чи мешуда бошад???

мусалмон,

Агар аз Точикистон рави ба интерпол медиханд ва душмани давлат эълон мекунанд!!!

ба МУХИДИН
Ба мухидин, Агар ту баринх,о дар сари давлат бошанд аз ин давлат нишонае намемонад. Охир ин умр якбор дар ин дунë меояд ва хар кас мехох,ад истирох,ат кунаду фарзандонаш дар наздаш бошанд на ин ки 40-50соли х,аëтро дар расия гузаронанд ва умри гарибию хорию зори насибашон бошад ва ин фарзандони рох,барон бо оимчах,о майшат карда гарданд то ба кай ин ах,вол давом мекарда бошад.

Барки гул
Мегум гапои ами Азизчун мна мефора, ки чени ширу шакар. О ма дар чашмои таг таги т бнбрм, ки ду хафта мншава дар нохияи Хамадони баркро сахар соати 8, ки мекушан бегои соати 7 дараш мнтан шаб соти 10 бо мекушанш. Ай Азизичуне мегум дар шаби бо оби хунк дар торики..... худатон фахмед ох ох азоб мнкашам сахт. Гуфта ббудам шу менм рохат менм ай кавра ай бе свети дар оби хнки ях гурда дард шидам. Озодагон озод боши чоп кун. Раиси нохияи Хамадони Мухтарам Кодир Вали хонад)))

nabi farhor
Хукумату давлат як чизро пайгири кунад,хамаи мо баъд ба гап медароем.Он кадар кордон,иктисоддон хастед,мархамат корхонахо созед,чойхои кориро зиёд кунед,то сатхи мухочират кам гардад.

Барки гул
Ташаккур бо Озодагон. Акнун бовар кардам, ки шумо озоден ва гами мардума мехурен. Имруз соат 10 шидестай баркро хомуш накардан, мегум аму мактуби мна раиси нохоя хонда боша? Оо медонед ами, ки баркро хомуш кунанд чнм меброя азоб охир ба табак дар почики чой кун харок таёр кун буи дуд карда имсол барф ноборида тапакхои ма тамом мешава ой чуни бесохибаме тасавур менм, ки дар асри 7,8 зиндаги дорем))

Адвокат
Ин бешак оғози репрессия аст

Манучеҳр
Бисёр олӣ! Мо ҳарчанд хостем ба худ умед диҳем, вале то рафт ноумедамон мекунанд. На вазъияти сиёсии хуб дорем на вазъияти иқтисодӣ ҳамон тавр, ки барқро лимит кардаву хонаҳоямонро торику хомӯш мекунанд (гуё зиндагӣ мутаваққия мешуда бошад) дилҳоямон низ тангу торику ноумед гаштанд.....!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)