Кумитаи амният: Марз бо Қундуз таҳти назорати ҷиддист
Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, низоми хидмат дар сарҳад бо Афғонистон пурзӯр шуда, минтақаи марзӣ бо вилояти Қундуз таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.
Тавре аз ин ниҳод имрӯз, 1 октябр ба “Озодагон” иттилоъ доданд, вазъ дар марз ором буда, ягон қасди марзшиканӣ сурат нагирифтааст: “Марзбонҳои тоҷик дар ҳолати омодагӣ қарор доранд, марз таҳти назорати ҷиддӣ аст. Ягон ҳолати марзшиканӣ ба қайд гирифта нашудааст”.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Афғонистон имрӯз, 1 октябр иттилоъ доданд, ки қисмати асосии шаҳри Қундуз, маркази маъмурии вилояти Қундузи ҳамсарҳад бо Тоҷикистон аз ҷангиёни гуруҳи Толибон тоза карда шуд. Гуфта мешавад, бархе аз аъзои гуруҳи Толибон, ки 28 сентябр Қундузро забт карда буданд, дар пайи амалиёти нерӯҳои Афғонистон ба самти сарҳади Тоҷикистон фирор кардаанд. Шаҳри Қундуз дар 62 километрии сарҳади Тоҷикистон қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |