Бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011 ба анҷом расиданд.
Тавре аз маркази матбуоти ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин сабқат дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт бо тими "Энергетик»-и Душанбе қувваозмоӣ намуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 3 бар 3 анҷом ёфт. Бозии дигари ниманиҳоӣ миёни дастаҳои «Вахш»-и Қурғонтеппа ва «Регар»-и Турсунзода дар варзишгоҳи «Пахтакор» сурат пазируфт, ки бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 22-юми октябр баргузор мегарданд, ки ин навбат дастаи «Энергетик» бо тими «Истиқлол» вомехӯрад, дастаи «Регар ТадАЗ» бо дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба майдон мебароянд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011 рузи 26-уми октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа барпо мегардад.
Гуфта мешавад, ки бо сабаби гузаронидани бозиҳои ҷом бозии дастаҳои «Гвардия»-«Вахш», «Энергетик»-«Регар ТадАЗ» ва «Истиқлол»-«Шодмон» мавқуф гузошта шуд. Сарчашма ҳамчунин иттилоъ дод, ки ду бозии чемпионати Тоҷикистон баргузор гардид, ССКА «Помир» бо «Хайр» рақобат намуда, бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст хӯрд. Дар бозии дуюм бошад, дастаи «Парвоз» бо «Хуҷанд» ба майдон баромада бо ҳисоби 3 бар 1 ғолиб омад.{jathumbnail off}
Мӯҳр