ВКД хислатномаи Ёровро нашр кард: Аз интизом дар Донишгоҳ то “хориҷ”-шавияш аз мақомот

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хислатномаи Бузургмеҳр Ёров, вакили боздоштшудаи аъзои Ҳизби наҳзати исломиро нашр кард, ки дар гузашта дар мақомоти умури дохилӣ кор кардааст.
Хислатномаи Ёров, ки тибқи иттилои сомонаи ВУД аз бойгонӣ гирифта шудааст, таъкид гардидааст, ки Ёров Бузургмеҳр Равшанович, таввалудаш 9-уми июли соли 1971, зодаи ноҳияи Сурхандарёи Узбакистон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.
ВУД бо зикри номи волидони Ёров таъкид кардааст, ки ӯ 1-уми июли соли 1993 бо фармони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба сифати муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии ШКД-и ноҳияи Октябри (И.Сомонии) шаҳри Душанбе таъин шудааст: “Рутбаи аввалини Ёров «лейтенанти хурди милитсия» 13 сентябри соли 1993 ва рутбаи дигари навбатӣ, «лейтенанти милитсия» 20 ноябри соли 1996 ба ӯ дода шудааст”.
Тибқи хислатномаи нашркардаи мақомоти умури дохилӣ ба Ёров барои қасдан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани шаҳрванд Назаров бо Фармони ШКД-и ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, таҳти №20 аз 5-уми марти соли 1994 «Танбеҳи қатъӣ» эълон карда шудааст: “Бо Фармони Раёсати корҳои дохилии Ҳукумати шаҳри Душанбе таҳти №9 аз 26 январи соли 1997 лейтенанти милитсия Ёров Бузургмеҳр Равшанович муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии Шӯъбаи корҳои дохилии Ҳукумати ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, барои дағалона вайрон намудани интизоми хизматӣ аз вазифаи ишғолкардааш озод карда шуда, ба ихтиёри кадрҳои Раёсати мазкур гирифта шуд. Баъдан 31 августи соли 1997, барои ғайриқонунӣ баровардани қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятии дар истеҳсолоташ буда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани айбдоршаванда дар ҷинояти «одамкушӣ», Прокуратураи ноҳияи Октябри (И.Сомонии) шаҳри Душанбе нисбати Ёров парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ӯ аз мақомоти корҳои дохилӣ «хориҷ» карда шудааст”.
Нашри хислатнома ва иттилоъ дар бораи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ёров барои сохтакорию қаллобӣ баъди он нашр шуд, ки ин ҳуқуқшинос аз таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ хабар дода, ба гуфтаи ӯ даъвати мақомот барои даст кашидан аз ҳифзи ҳуқуқи боздоштшудаҳоро рад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |