Бахшҳо

Пурсиш: Чаро “гуноҳ” -и адвокатҳоро “яке” пайдо мекунанд?

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 29 сентябр аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи адвокат Бузургмеҳр Ёров хабар дод. Боздошти Ёров дар ҳоле иттифоқ афтод, ӯ эълон кард, Кумитаи ҳимоя аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро таъсис додааст. Аз ин пеш ҳам чанд вакили мудофеи дигар боздошт ва ба маҳкама кашида шуданд. Зимнан, “Озодагон” аз коршиносон пурсид: ЧАРО МАҚОМОТ “ГУНОҲ” -И АДВОКАТҲОРО “ЯКЕ” ПАЙДО МЕКУНАНД?[/size]


Дилрабо САМАДОВА, ҳуқуқшинос

Ин рӯшан аст, ки "камбудиҳо"-и Бузургмеҳр Ёров барои иштироки фаъоли ӯ дар ҳифзи ҳуқуқҳои аъзоёни боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба чашм расиданд. Яъне, ин бонге аст барои ҳамаи адвокатҳои дигар, ки агар дар парвандаҳои сиёсӣ иштирок намоед, мисли Қудратов, Зокиров ва Ёров камбудиҳоятонро меёбем. Худи ҳамин маънои онро дорад, ки имрӯз ҳар як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки садо баланд мекунад, новобаста аз он ки ӯ гунаҳкор аст, вақте камбудиҳои мақомотро мегӯяд, нисбати ӯ як парванда компромат аст, дилхоҳ шаҳрвандро гирифтор мекунанд. Ман ягон асосӣ дигар намебинам. Ин боздошт фақат ба фаъолияти касбӣ ва ташкили Кумита ҷамъиятӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудагони фаъоли ҲНИТ марбут аст.

Алим ШЕРЗАМОНОВ, раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон

Ин таҷрибаи "адолати судӣ"-и тоҷик дар ду даҳаи охир аст ва на фақат дар қиболи адвокатҳо. Ба хотир биорем таърихи на чандон қадимамонро - аз парвандаи Ёқубу Маҳмадрузиву Мирзо Зиёев сар карда, то Зайд Саиду дигарон. Яке мефаҳманд, ки ин нафарон миллионҳову миллиардҳо дуздидаанд ва одамро воҳима мегирад. Адвокатҳои гапнодаро, сиёсатмадорони ба ҳокимият “хатарнок”-ро ҳам ҳамин қисмат интизор аст.

Файзинисо ВОҲИДОВА, адвокат

Ман фикр мекунам, чӣ боздошти Бузургмеҳр Ёров ва чӣ Шуҳрат Қудратов сирф ба фаъолияти касбияшон рабт дошта, хусусияти сиёсӣ доранд. Чи тавре ба ҳама маълум аст, боздошти Ёров дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ чанд рӯз пеш аз таъсиси Кумитаи ҷамъиятӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудагони фаъоли ҲНИТ хабар дода буд. Боздошти ӯ албатта хусусиёти сиёсӣ дорад, барои он ки имрӯз хабаре, ки дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ дарҷ шудааст, як сокини шаҳри Истаравшан ариза навиштааст, ки соли 2010 Ёров ӯро гӯйё фиреб дода бошад. Саволе ба миён меояд, ки ӯ чаро аз соли 2010 то инҷониб ба мақомот муроҷиат накардааст, агар муроҷиат карда бошад, пас чаро мақомот то имрӯз ягон чора наандешиданд?

Шокироҷон ҲАКИМОВ, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ

Қабл аз ҳама бояд таъкид намоям, ки гунаҳкор будан ё набудани Бузургмеҳр Ёровро дар натиҷаи баррасии далелҳои чонибҳо мурофиаи судӣ бояд исбот бикунад. Дуюм ин ки чаро ва бо кадом сабабҳо то имрӯз амали содирнамудаи 5 сол пеш ки дар таркиби он гӯиё аломатҳои ҷиноят вуҷуд дорад, маҳз имрӯз мувофиқи мақсад донистанд, ки парванда оғоз намоянд. Боиси таассуф аст, ки новобаста аз замону макони содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҷиноятӣ бо дарназардошти шахсияти чунин амалро содирнамуда мақомоти марбута на дарҳол парвандаро баррасӣ мекунанд, балки фурсати муносибро интизор мешаванд, ки дар ҳолатҳои истисно чунин ҳолатҳоро ҳамчун воситаи маҳдуд кардани фаъолияти шахси мушаххас ё таҳти назорати худ нигоҳ доштани ӯ, истифода баранд. Бидуни шак чунин муносибат на танҳо асосҳои сохти конститутсионӣ, балки моҳияти давлати ҳуқуқбунёд ва риояи усули таҷзияи ҳокимияти давлат, инчунин дахлнопазирии шаҳрвандонро, ки заминаи он риояи усули эҳтимолияти бегуноҳӣ мебошад низ халалдор менамояд. Тавре ки айён аст, ба наздикӣ Анҷумани адвокатҳои кишвар баргузор гардид ва мақомоти оинномавии худро, ки дорои ваколату салоҳиятхои муайян мебошанд, интихоб кард. Бинобар ин бо мақсади нигоҳ доштани эътибори созмон ва мусоидат намудан дар таъмини кафолати ҳамкасбони худ фаъолони адвокатҳои кишвар тадбирҳои заруриро бояд биандешанд. Дар акси ҳол ягон зарурат ба фаъолияти онҳо дар низоми адолати судӣ намемонад. Ҳамзамон гуфтан мумкин аст, ки агар ҳодисаҳои ахир ва оғози парванда нисбати чанд тан аъзоёи раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъсиси Кумитаи чамъиятӣ ва розигии Бузургмеҳр Ёров ҷиҳати ҳамчун адвокат ҳимоя кардани онҳо дар мақомоти ҳифзи қуқуқ ва минбаъд дар суд намебуд, зарурати оғози парвандаи ҷиноятӣ низ намешуд.

Бек РАҲМОНОВ, коршинос

Аввалан ин гуноҳ алҳол ҳисоб намешавад, чун ки гунаҳкор будан ё набуданшро бояд додгоҳ исбот кунад. Агар боздошти ин вакилро дар назар дошта бошед, ин як намуди мунсибати дурушти мақомот бо вакилони мудофеи ватанӣ мебошад, ки дар оянда ин вакилони мудофеъ ба ин ё он кори мақомот садди роҳ нагарданд.

Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигор

Ин фаъолияти мақомот нақши муаллим ва хонандаро ба ёд меорад. Дар мактаб то муаллим вазифа надиҳад, хонанда аз пеши худ дарсро тайёр намекунад. Хонандае, ки аз муаллим сахт метарсад супориши хонагӣ, дарсро сарфаҳм намеравад ё майнааш чизеро қабул намекунад, аммо аз тарс қориазёд мекунад ё бо кӯмаки волидон ё нафари дигар дарсро тайёр мекунад. Фаъолияти мақомоти мо имрӯз чунин ҳолро дорад. Дар куҷо дидаед, ки дар тули истиқлолияти давлатии Тоҷикистон алайҳи ягон вазир ва соҳибмансабе, ки сари қудрат аст, парванда кушода бошанд. Вақте аз мансаб рафт ва ба ягон нафари боло маъқул нашуд, гуноҳҳои 10 сол пешро кофта мегиранд. Нисбати адвокатҳо ҳам чунин рафтор маҳз ба он хотир аст, ки онҳоро дар тарс нигоҳ доранд ва ба дигар адвокатҳо дарс шавад, ки ӯро низ чунин тақдир интизор аст.
Мӯҳр
Ходи
Акаҷоно! Як каш нос кашеду кайф кунед, баъд аз он туф кунеду аз паи коратон шавед.

Илхом
Адвокатхо хам худро мусичаи бегунох натарошанд.Касе кораш ба адвокатхо афтад, медонад, ки чи хел онхо аз мардум аз будаш зиёд пул меситонанд. Онхо роли миёнаравро бози мекунанд."Сирхои касби"-и онхо низ зиёд аст

Комил
Худо забони гуе тият,парвардигор дар панохаш нигох дорад.!!!

nabi farhor
Файзиниссо офарин ба шумо.Рост гуфтед чаро аз соли 2010-то имруз чора надиданд.Окибати пора гирифтан хамин аст.Пора,ки г рифти як руз не як руз русиёх ва забонкутох хохи гашт.

Давлат хар як одамро бандашро дароз мекунад хуб ки гузаронд бад мекашаш ман сад дарсад бовари дорам ин Адвакат гунахгор хаст ин точики мо то зураш наояд шикоят намекунад оли ба фикри ман як фоизаш шикоят накардааст пулро мегирад дар вакти мурофиъа дигар адваката равон мекунад ёнки тагдири судшавандахо чи мешавад хаволаашон бар худо гуфта мегардад ин одами бесавод нест,ки паставаш кунанд ба кавли калоно гурги борондидааст

"Гунаҳкор будан ё набуданшро бояд додгоҳ исбот кунад" - ин теория вокеан фармоиш шуд гунахкор мешавад! Конуни "такозои замон" хамин аст!

навруз
Саволе доштам то аз хама точикистонихо бипурсам: оё ягон нафари шумо пора нагирифтаед(ё надодаед)????агар чавоб не бошад,<<шумо ё одам нестед ё аз точикистон нестед>>..............

Чунки адвокатхо мисли тангем дар хама чо, яке пайдо мешаванд!

Факат адвокатхо не Тамоми одамро яке гунохашон пайдо мешавад Аз Гафор сар карда то Ёров Яке якбора хамаи дороияшон гайриконуни мешавад Барои он, кихама фармоиши аст Фармон, ки шуд аз боло тамом бояд шини Аз 20 сол боло

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)